Дарсҳо дар муассисаҳои омӯзишии кишвар бо назардошти ҳама қоидаҳои беҳдоштӣ рӯзи 17 август оғоз мешаванд
Чоп шуд: 06/08/2020 | admin
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо назардошти ҳама қоидаҳои беҳдоштӣ имрӯз аз оғози дарсҳо дар муассисаҳои таълимии мамлакат хабар дод. Қарор аст рӯзи 17 август дар кулли муассисҳои оливу миёнаи кишвар дарҳо оғоз шаванд. Рӯзи анъанавии дониш ва сулҳ, ки ҳар сол дар оғози соли нави таҳсил баргузор мешуд, дар ҳамин рӯз доир мешавад.