Дар асоси фармоиши сардори Раёсат-муовини авали сардори мудофиаи граждании вилояти Хатлон аз 19 октябри соли 2020, «Оид ба ташкил ва гузаронидани санҷиши ҳолати омодагии Комиссияҳои мудофиаи гражданӣ дар ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Панҷ, Шамсиддин Шоҳин, Ҷайҳун, Фархор, Шаҳритус», санҷиш ва машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ рўзҳои 21-22 октябри соли 2020 дар ноҳияи Ҷайҳун, дар мавзўъи «Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои зернизоми вазифавии Низоми ягонаи давлатии ноҳия оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда ҳангоми боришоти зиёд ва зери хавф мондани ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия» ташкил ва гузаронида шуд.
Машқи фармондеҳи ситодии зернизоми ҳудудии Низоми ягона оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда бо ҷалби ҳайати роҳбарикунанда, фаромндеҳон ва сардорони мудофиаи граждании мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони Комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодда, эвакуатсионӣ, хадамотҳои мудофиаи гражданӣ ва зернизомҳои ҳудудии Низоми ягона оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Ҷайҳун дар шакли маҳдуд ва бе ҷалби аҳолӣ бо риояи ҳама талаботҳои беҳдоштӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии короновируси COVID-19 гузаронида шуд.
Дар он 28 нафар ҳайати роҳбарикунанда, фармондеҳон ва сардорони зернизомҳои ҳудуди Низоми ягонаи ноҳия оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда иштирок намуданд.
М.Муйдинов