Субҳи имрӯз сироятшудагон ба коронавирус дар саросари олам аз марзи 42 миллион (42 003 060) гузашт. Дар шабонарӯзи гузашта кишварҳои олам 128 ҳазору 706 нафар мубталоёни нав ба коронавирусро ба қайд гирифтанд. Аз ин вируси маргбор 31 миллиону 190 ҳазору 947 ҷон ба саломат бурданд ва 1 миллиону 142 ҳазору 874 нафар ҷони худро аз даст доданд. Танҳо дар шабонарӯзи гузашта дар кулли кишварҳои дунд аз КОВИД-19 2 238 нафар ба ҳалокат расиданд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон шоми дирӯз, 22 октябри соли равон мубталоён ба коронавирусро 10653 нафар эълон кард. Ин манбаъ навишт, ки дар як шабонарӯз 40 сироятшудаи навро ба қайд гирифтааст. Аз ин беморӣ то кунун 9724 (91,3%) нафар муолиҷа шудаанд ва 81 нафар фавтидаанд. Вазорат ҳамчунин мегӯяд “Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд”.
Панҷгонаи кишварҳои зарардида аз КОВИД-19: ИМА, Ҳиндустон, Бразилия, Русия ва Испания!
Чин, ки пандемия аз ин кишвар оғоз шуда буд, ҳоло дар ҷадвали сироятшудагон ба коронавирус дар олам дар ҷойи 54 ҷой гирифтааст.
Ҷумҳурии Чех, ки маҷви аввали коронавирусро дар баҳори соли ҷорӣ хеле сабуку осон пушти сар карда буд, ҳоло дар қораи Аврупо дар шумори сироятшудагон ва фавтидагон ба ҳар 100 ҳазор нафар дар ҷойи аввал аст. Дар ин кишвар дубора карантини сартосарӣ эълон шудааст ва аз хона танҳо барои рафтан ба маҳалли кор ва харидории маводи зарурӣ иҷлозат дода мешавад.
Рӯзи чоршанбеи гузашта Олмон аз ошкор шудани боз 11 287 сироятшудаи нав ба Covid-19 хабар дод. Дар миёни сироятшудагони рӯзҳои ахир Вазири тандурустии ин кишвар Йенс Шпан низ ҳаст, ки ҳоло вай дар хона табобат мегирад.
Вазири тандурустии Қибрис эълон кард, ки аз ин ба баъд ниқоб доштан барои кулли сокинон дар ҳавои кушод ҳатмӣ шуд ва танҳо ҳангоми машқҳои ҷисмонӣ ин истисност.
Дар шабонарӯзи гузашта дар Русия 15 971 ҳодисаи нави сироят ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд.
Қазоқистон хабар дод, ки зарфи 24 соати сипаришуда 141мубталои нав ба коронавирусро ошкор кардааст.
Шумори сироятшудагони нав дар Қирғизистон дар шабонарӯзи гузашта 547 нафар эълон шуд.
Мубталоён ба коронавирус КОВИД-19 дар Ӯзбекистон то соати 18:00 рӯзи 22 окттябр 64 439 нафар (+305) эълон гардид. Мақомоти тандурустии Ӯзбекистон хабар дод, ки аз ин беморӣ то кунун 540 нафар ҷони худро аз даст додаанд.