23 октябри соли 2020 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода Роҳбари нави Дафтари Комиссари Олии СММ оид ба паноҳандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мулугет Зевдиро ба ҳузур пазируфт.
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сатҳи робитаҳои дуҷониба бо сохторҳои марбутаи СММ изҳори қаноатмандӣ кард ва ба аҳаммияти истифодаи васеи имконоти ҳамкориҳо дар оянда таъкид намуд.
Вай зикр намуд, ки сарфи назар аз як давраи душвор - пандемияи коронавирус, мо умедворем, ки ҳамкориамонро ба манфиати аҳолии кишвар амиқтар хоҳем кард. "Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳама гуна ташаббусҳои созандаро, ки ба пешгирии ҳолатҳои фавқулодда, рафъи оқибатҳои он, инчунин мубориза бо паҳншавии сирояти коронавирус равона шудаанд, ҷиддан дастгирӣ мекунад",- гуфт раиси Кумита.
Дар навбати худ, ҷаноби Зевди барои пазироии самимона ва ҳамкории фаъол изҳори миннатдорӣ кард. Вай қайд намуд, ки дар Тоҷикистон дар самти идораи хатари офатҳои табиӣ, пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ва рафъи оқибатҳои онҳо чорабиниҳои муҳим роҳандозӣ мекунад. Ҷаноби Зевди инчунин омодагӣ ва дастгирии Комиссариёи Олии СММ оид ба паноҳандагонро дар пешгирӣ, рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, баргузории тамринҳои байналмилалӣ, инчунин мубориза бо паҳншавии сирояти коронавирус изҳор намуд.
Дар ҷараёни мулоқот, инчунин масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо ва татбиқи минбаъдаи лоиҳаҳои муштарак, вокуниш ба офатҳои табиӣ, ҳамкорӣ дар самти ва огоҳ кардани аҳолӣ аз хатар ва таҳдидҳо, инчунин омӯзонидани мутахассисони наҷот ва расонидани кӯмаки техникӣ баррасӣ шуданд.
Дар поёни мулоқот ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки механизмҳои мавҷудаи ҳамкории КҲФ ва Комиссариёи олии СММ оид ба паноҳандагон имкон медиҳанд, ки оянда низ ба таҳдидҳои нави фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ муқовимат кунанд.