То имрӯз шумори мубталоён ба вируси корона дар саросари олам ба 43 миллиону 790 ҳазору 543 нафар расидааст ва аз ин беморӣ 1 миллиону 164 ҳазору 609 нафар фавтидаанд. Танҳо шабонарӯзи сипаришуда дар кишварҳои олам 105 ҳазору 731 сироятшудаи нав ба қайд гирифта шуда ва 1 ҳазору 682 нафар ҷон бохтаанд. Аз муолиҷаи пурраи 32 миллиону 182 ҳазору 737 нафар хабар дода мешавад. ИМА, Фаронса, Ҳинд, Британияи Кабир ва Италия ҳамоно шомили панҷгонаи кишварҳое мебошанд, ки шумори мубталоёнашон ба коронавирус бештар аст.
Бино ба маълумоте, ки Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми дирӯз, 25 октябр расонаӣ кард, дар як шабонарӯз 43 сироятшудаи нав ба қайд гирифта шуда, шумори умумии мубталоён ба КОВИД-19 дар кишвар ба 10819 нафар расидааст. Ин манбаъд аз муолиҷаи 9951 (92,0%) нафар ва марги 81 тан хабар дод.
Дар гузориши Вазорати тандурустӣ дар ин бора ҳамчунин омадааст, ки “Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.Дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст”.
Донишмандони амрикоӣ дар бораи ташдиду густариши коронавирус дар зимистон ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор доданд. Онҳо мегӯянд авҷи зимистонӣ ба чанд омил иртибот дорад. Аввалан дар мавсими сармо одамон бештар дар хонаҳои танг ба теъдоди бештар ҷамъ меоянд ва аксари ин хонаҳо маҳрум аз ҳавокашҳое мебошанд, ки қобилияти тоза кардани ҳавои хонаро доранд. Омили дигар сардӣ ва ҳавои хушк аст ва набудани нурҳои сӯзони офтобӣ, ки боиси нашъунамои коронавирус мешавад. Ин донишмандон мегӯянд давлатҳо дар фасли зимистон бояд чораву тадбирҳои шадидтар ва маҳдудиятҳои бештарро ҷорӣ кунанд, то аз хавфи авҷи ин вирус пешгирӣ кунанд.
Дар Италия, аз имрӯз барҳо ва тарабхонаҳо танҳо то соати 18:00 кор хоҳанд кард. Толорҳои варзиш, ҳавзҳои оббозӣ, театрҳо ва кинотеатрҳо дар ин кишвар то 24 ноябри соли равон баста эълон шудаанд ва ҳукумат метавонад ин муҳлатро боз ҳам тамдид кунад.
Аз шаби якшанбеи оянда дар Испания қуюди шабгардии умумимиллӣ ба иҷро медарояд. Акнун сокинон аз соати 23:00 то 6 субҳ ҳақи гаштугузор дар кӯчаҳо нахоҳанд дошт.
Дар Ҷумҳурии Чех, ки дар Аврупо осебдидатарин кишвар аз ҷиҳати авҷи коронавирус мебошад, қаҳвахонаву тарабхонаҳо танҳо барои истифода аз хона боз ҳастанд, мағозаҳои ғайризарурӣ баста, мактабҳо бори дигар ба низоми таҳсили онлайн дароварда шудаанд.
Литва дар се шаҳри бузургаш (Вилнюс, Каунас ва Клайпеда) ва 5 шаҳрдории дигар карантин ҷорӣ кард.
Дар Хорватия зарфи ду ҳафтаи оянда ҳамаи ҷамъомадҳои расмие, ки дар онҳо беш аз 50 нафар ҷамъ меоянд, манъ шуд.
Дар Чин бори дигар як шаҳрро пурра аз тест ба коронавирус мегузаронанд. Ин шаҳри Кошғар аст, ки 4,7 миллион аҳолӣ дорад. Ин тасмим замоне гирифта шуд, ки авҷи нави коронавирус дар вилояти Синзян ба қайд гирифта шуд.
Шабонарӯзи гузашта дар Русия 17 ҳазору 347 сироятшудаи навро сабт шуд, ки ин нишондиҳандаи рекордӣ дар зарфи чанд рӯзи охир аст.
Қазоқистон аз кашфи 140 сироятшудаи нав дар шабонарӯзи гузашта хабар дод. То ба имрӯз дар ин кишвар 246 кӯдак мубтало ба КОВИД-19 шудааст.
Дар Қирғизистон зарфи 24 соати сипаришуда 420 сироятшудаи нав ба коронавирус сабт шудааст.
Вазорати тандурустии Ӯзбекистон хабар дод, ки шабонарӯзи гузашта дар саросари кишвар 270 мубталои нав ба қайд гирифта шуда, шумори умумии сироятшудагон ба 65 577 нафар расидааст. То кунун аз ин беорӣ дар Ӯзбекистон 550 нафар ҷон бохтаанд.