Сироят ба корона дар бисёре аз минтақаҳои Канада дар ҳоли афзоиш аст, вале дар Нунавут, шимолитарин сукунатгоҳи доимии инсон ягона сарзамине дар Амрикои Шимолӣ аст, ки ҳеч мавриди олудагӣ ба вируси корона дар он дида нашудааст.
НУНАВУТ: анг: Nunavut – навтарин ва бузургтарин қаламрави Канада аст. Он 1-уми апрели соли 1999 аз Ноҳияиҳои Шимолу Ғарб ҷудо шуд ва панҷумин бахши бузурги дунёст.
Вақте дар бораи сироят ба коронавирус дар ибтидои соли ҷории шамсӣ кишварҳои мухталифи дунё марзҳои худро бастанд, масъулони Нунавут тасмим гирифтанд ҳамин корро бикунанд; сахттарин қонуни мусфиратро дар Канада ҷорӣ карданд ва тақрибан аз вуруди ҳар касе, ки сокини ин минтақа набуд, пешгирӣ намуданд.
Сокинони минтақа, ки аз ҷануб ба хона бозмегарданд, ибтидо бояд ба харҷи давлати Нунавут муддати ду ҳафта дар меҳмонхонаҳо карантин шаванд. Маъмурони амниятӣ дар ин меҳмонхонаҳо ҳузур доранд ва парасторон саломатии афродро дар карантин баррасӣ мекунанд. То кунун беш аз ҳафт ҳазор сокинони Нунавут баъди бозгашт ба хонаҳояшон аввал дар ин марказҳо ба сар бурдаанд.
Мақомот мегӯянд ин кор бе мушкил ҳам набуд. Касоне, ки карантини худро шикастанд ва шиносоӣ шуданд, бояд муҳлати иқоматашон дар ин марказҳо тамдид шавад. Ин кор гоҳе боис шуд бархе барои иқомат дар ин марказҳо муддате мунтазир бимонанд. Шикоятҳое ҳам аз ғизои ин меҳмонсароҳо шудааст. Бо ин ҳол ва бовуҷуди афзоиши омори корона дар саросари Канада омори расмии Нунавут ҳанӯз сифр аст. Яъне касе мубтало нашудаву нест.
Ҳудуди 36 ҳазор нафар дар 35 минтақаи маскунӣ дар Нунавут зиндагӣ мекунанд, ки дар шимоли он Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ қарор дорад ва дар ғарби он “Сарзаминҳои шимолу ғарб” (анг. Northwest Territories – яке аз қаламравҳои Канада аст, ки маркази он аз соли 1967 шаҳри Йеллоунайф мебошад).
Ин ҷамъиятҳо дар ду миллион километр мураббаъ пароканда ҳаёт ба сар мебаранд.
Манбаъ: ВВС форсӣ.