Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 27 октябри соли 2020 тахминан соати 17:07 дақиқа дар километри 619-уми роҳи байналмилалии Душанбе-Хоруғ-Мурғоб, дар мавзеи Ригувеви ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд.
Автомашинаи тамғаи Чанху (Тангем), ки муталлиқ ба як сокини 48-солаи деҳаи Даштаки ҷамоати деҳоти Сучон буд, ҳангоми ҳаракат аз ноҳияи Шуғнон ба шаҳри Хоруғ ба дарёи Ғунд сарозер шуд.
Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумита дар ВМКБ соати 17:15 дақиқа ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, соати 18:25 дақиқа ҷасади ронандаро берун оварда, ба соҳибонаш супурданд.
Гуфта мешавад, ки марҳум оиладор ва соҳиби ду фарзанд будааст. Сабаби садама беэҳтиётӣ ва аз уҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда гуфта шудааст.