Идомаи ҷаласаи гурӯҳи коршиносони Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳо

Дар Душанбе ҷаласаи гурӯҳи коршиносони Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳо, ки дирӯз оғоз ба кор карда буд, идома дорад. Рӯзномаи ҷаласа, ки то 27 октябр идома хоҳад кард, натиҷаҳои арзёбии хатари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

Сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Ҷамшед Камолов ҷаласаро ифтитоҳ намуда, аҳамият ва мувофиқати баррасии натиҷаҳои арзёбии хатарро зикр намуд. Вай аз ҷумла иброз дошт, ки ин гуна баррасиҳо ва арзёбиҳо ҳамеша барои ҳалли масъалаҳои идораи хатари офатҳои табиӣ дар оянда мусоидат хоҳанд кард. 

Дар ин ҷаласа, ки ин соатҳо идома дорад, коршиносони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи амволи давлатӣ ва сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат доранд.  

Дар ҷараёни ҷаласа коршиносони Платформаи Миллӣ бо истифода ва натиҷаҳои кори вебсайти арзёбии хатарҳо шинос мешаванд ва дар низоми онлайн ин системаро месанҷанд.

Нишастро Кумита бо дастгирии Барномаи Рушди СММ ва Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ ташкил кардааст.

барчасп: