Covid-19: Шумори мубталоён ба коронавирус дар олам ба 48,5 миллион наздик шуд. Дания ҳама вашақҳои фермаҳои ҳайвонотро мекушад. Дар Порис ҳар 30 сония 1 нафар мубтало ба КОВИД мешавад

Субҳи имрӯз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар дод, ки шумори мубталоёни ба коронавирус КОВИД-19 дар олам ба  48 миллиону 438 ҳазору 944 нафар расида, аз ин беморӣ то кунун 1 миллиону 231 ҳазору 26 нафар ҷон бохтаанд. Шабонрарӯзи гузашта дар олам 142 ҳазору 207 сироятшудаи нав ба қайд гирифта шуда, аз ин вирус боз 2895 тани дигар даргузаштаанд. Ин манбаъ шумори куллан муолиҷашудагон аз Covid-19-ро 34 миллиону 674 ҳазору 519 нафар эълон кард.

Ҳам тамрин ва ҳам ободонӣ. Як рӯзи машқу поккорӣ дар шаҳри Турсунзода

Дар як чорабинии шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз доир кард, 250 нафар коргарону хизматчиён, 73 сокинони маҳаллӣ, 10 нафар раисони кучаву маҳаллаҳо бо ҷалби 5 техникаи махсус ширкат карданд.

Чорабинӣ дар доираи баргузории машқи махсуси Низоми

Ҳолати пиряхҳои мавзеи дараи Камароб

Дар даҳсолаҳои охир мониторинги пиряхҳо дар ҳудуди қаторкўҳи Қаротегин, аз ҷумла ҳавзаи дараи Камароб гузаронида нашудааст ва ҳолати кунунии онҳо арзёбӣ нагардидааст. Солҳои 60-70-уми асри гузашта бо мақсади омўзиши пиряхҳо дар ҳудуди Тоҷикистон таҳти роҳбарии Институти географияи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шўравӣ якчанд экспедитсияи глятсиологӣ сурат гирифта буд ва натиҷаҳои ин таҳқиқот дар

Анҷоми як давраи омӯзишии дурӯза дар КҲФ

Давраи омӯзишии дурӯза барои роҳбарон ва кормандони масъули Марказҳои таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе, Хатлон, вилоятҳои Суғд ва ВМКБ амал мекунанд, ба анҷом расид.

 30 корманди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба равишу...

Covid-19: Шумори мубталоён дар Тоҷикистон аз 11 ҳазор нафар гузашт. Маркази пандемия аз Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ бори дигар ба Аврупо кӯчид

Субҳи имрӯз аз сирояти 47 миллиону 854 ҳазору 043 нафар ба Covid-19 дар олам хабар дода шуд. Бино ба гузориши Созмони ҷаҳонии тандурустӣ танҳо шабонарӯзи гузашта 148 ҳазору 638 нафар ба ин вирус сироят шудаанд. Шумори  фавтидагон дар олам ба 1 миллиону 220 ҳазору 535 нафар расид ва ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд 34 миллиону 357 ҳазору 609 нафар пурра муолиҷа шудаанд.

Страницы