Аҳмад – махдуми Дониш, машҳур ба Аҳмади Калла. (таваллуд –1242 ҳиҷрӣ, вафот 1314).
Чоп шуд: 16/09/2020 | redaktor
Ҳарчанд тафсили тарҷумаи ҳоли адибон дар ин маҷмўи мақсад нест, дар бораи аҳволи баъзе ашхос аз бархе тафсилот гузир ҳам нест. Чунончи, Аҳмад–махдуми Дониш муллаққаб ба Аҳмади Калла шахсест, ки агар дар бораи адибон ҳеҷ гуна маълумот доданро илтизом намекардем ҳам, дар хусуси ин шахс пургўи карданро лозим медонистем. Бинобар ин дар ин хусус бар хилофи дастури илтизомкардашуда сатре чанд нигошта шавад...