Марги як марди 65-солаи хуросонӣ, ки мехост селро наворбардорӣ кунад

Баъд аз зуҳри дирӯз, 15-уми майи соли равон, тахминан соати 15:45 дақиқа як сокини 65-солаи деҳаи Гулистони ноҳияи Хуросон ҳангоме мехостааст бо телефони дастӣ ҷараёни омадани сел ва борони пуршиддатро наворбардорӣ кунад, ба умқи 25-30 метр фурӯ рафтаву зери лой монда, ба ҳалокат расидааст. Ба ҷои ҳодиса сардори бахши ноҳия, наҷотдиҳандагони дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати вилоят ва хешу наздикони...

Хабарҳо аз тадобири пешгирӣ аз короновирус COVID-19

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи корҳои ҳамарӯзӣ саҳми худро дар роҳандозии корҳои пешгирӣ аз густариши короновирус мегузоранд. Ҳамарӯза бо истифода аз таҷҳизоти махсуси дорупошӣ дар саросари кишвар корҳои поксозӣ роҳандозӣ мешавад ва ба ин мақсад гурӯҳҳои фаврӣ иборат аз духтурон, кимиёшиносон, наҷотдиҳандагон...

Кӯмакҳои Каритас ба чанд бемористони минтақаи Кӯлоб

Зарфи ду рӯзи охир кормандони Шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бо истифода аз техникаи махсуси дорупошӣ қаламрави чандин боғу гулгаштҳо, кӯчаҳо, варзишгоҳҳо, даромадгоҳи хонаҳои истиқоматиро поккорӣ карданд.

Бо мақсади ҳамоҳангсозии мубориза бо короновирус...

CОVID-19: 907 сироятшуда ва 29 фавтида дар Тоҷикистон

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то  14- майи соли равон дар мамлакат 907 нафар  ҳолати сирояти коронавируси нави КОВИД-19 ба қайд гирифта шуда, 29 нафар аз ин беморӣ фавтидаанд. Вазорат дар идомаи хабараш менависад, ки    то 14 майи соли равон дар муассисаҳои табобатии кишвар 4299 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар шабонарӯзи охир 403...

Як қурбонӣ дар селҳои рӯзи гузашта. Роҳҳои шустаи сел, пулҳои хароб. Оқибати офат барқарор мешавад

Сели азим дирӯз дар ноҳияи Хуросон ҷони як марди 55-соларо гирифт. Дар баъзе манотиқ хонаҳо зери об монданд, роҳҳо вайрон, пулҳо хароб гардиданд. Ба хоҷагии халқи кишвар зарар расид, ки дар айни замон ҳаҷми он ҳисоб мешавад. Вале муқаддамтар аз ҳама оқибати ин офати табиӣ бояд бартараф карда шавад.

Борони шадид боиси омадани сел ва боло рафтани...

Страницы