Мулоқот бо роҳбарони Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ

Имрӯз, 9 декабри соли 2020, дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ташаббуси Барномаи Умумиҷаҳонии озуқаи СММ, Раиси Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо иҷрокунандаи вазифаи сардори  Барномаи озуқавории СММ хонум Марико Кавабатта мулоқот кард. Дар вохӯрӣ инчунин Ҳамоҳангсози масоили ёриҳои башардӯстонаи СММ хонум Шаҳло Раҳимова ширкат варзид.

Дар ин мулоқот тарафҳо масъалаҳои оғози эҳтимолии лоиҳа миёни Лоҷистики ҷаҳонии фанноварии иттилоот ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаро баррасӣ карданд. Хонум Кавабатта гуфт, ки Лоҷистики ҷаҳонии фанноварии иттилоот ин механизмест, ки вокунишҳои  саривақтиву сареъро дар ҳолатҳои фавқулода ҳамоҳангӣ мекунад. 

Зикр гардид, ки Лоҷистики ҷаҳонии фанноварии иттилоот ҷомеаи башариро барои ҳалли талаботҳои лоҷистикӣ дар масоили ёриҳои башарӣ аз тариқи ҳамоҳангсозӣ, идораи иттилоотӣ ва дар ҳоли зарурат ироаи дастрасӣ ба хадамоти луҷистикиро ба ҳам меорад. 

«Бо назардошти таҷриба дар самти лоҷистикаи башарӣ ва зарфияти татбиқи барномаҳо дар маҳалҳо Барномаи озуқавории СММ тавассути  Кумитаи доимии байнимуассисавии СММ ба унвони созмони аслии лоҷистикӣ интихоб шудааст”,-гуфт хонум Кавабатта.  Вай ҳамчунин зикр намуд, ки дар соли 2021 ин ташкилот пешниҳод хоҳад кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи як қатор лоиҳаҳо оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ ба ин лоиҳа шомил карда шавад.

Дар навбати худ, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода ба садоқат ба сиёсати коҳиши хатари офатҳои табиӣ таъкид кард ва ба механизмҳои асосии татбиқи лоиҳаи пешниҳодшуда ишора намуд.

Дар поёни мулоқот ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки механизмҳои мавҷудаи ҳамкории КҲФ имкон хоҳад дод дар оянда ба  таҳдидҳои нави фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ муқовимат кунанд.

барчасп: