Субҳи имрӯз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори мубталоён ба коронавирус Covid-19 – ро дар олам 68 миллиону 568 ҳазору 678 нафар эълон кард. Дар як шабонарӯз теъдоди гирифторон дар олам боз 195 ҳазору 243 нафар афзудааст. Аз КОВИД-19 то кунун 1 миллиону 565 ҳазору 566 нафар ҷон бохтаанд. Шумори муолиҷашудагон 47 миллиону 462 ҳазору 801 нафар эълон шудааст.
Шоми дирӯз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии Тоҷикистон хабар дод, ки шабонарӯзи гузашта боз 42 сироятшудаи нав ба қайд гирифта шуд ва шумори мубталоён ба коронавирус КОВИД-19 дар кишвар ба 12 511 нафар расид. То кунун аз ин беморӣ нафар 11926 (95,3%) муолиҷа шуданд ва 88 нафар ҷони худро аз даст доданд.
Шаш кишваре, ки бештар мубталоён ба коронавирус доранд:
ИМА — 15 591 709
Ҳиндустон — 9 735 975
Бразилия — 6 675 915
Русия — 2 515 009
Фаронса — 2 309 621
Италия — 1 757 394
Ҳангоми эмкунӣ бо воксане, ки ширкатҳои дорусозии амрикоии Pfizer ва олмонии BioNTech омода кардаанд, шаш нафар ҷони худро аз даст додаанд.
Табибони британиёӣ натиҷаҳои марҳилаи сеюми озмоиши клиникии воксани ширкати AstraZeneca дар се кишвари оламро расонаӣ карданд. Онҳо мегӯянд ин воксан ба гурӯҳи азими ихтиёриён санҷида шуд ва натиҷаҳои хуб дод. Дар санҷиш 23,7 ҳазор нафар ширкат кардаанд ва таъсири манфӣ танҳо дар се нафар ифшо шудааст.
Дар Британияи Кабир рӯзи сешанбе маъракаи эмкунии аҳолӣ оғоз гардид. Аввалин ҳазорон воксани Pfizer, ки ҳукумати Британия харидорӣ карда буд, 800 ҳазор вояро ташкил дод. Қарор аст то охири ҳамин моҳ 4 миллион сокинони Британия эм карда шаванд. Ҳукумати Британия барои харидории 40 миллион вояи истифодаи воксан шартнома бастааст, ки ин барои эмкунии пурраи 20 миллион нафар кофист. Аввал солмандон, духтурон ва бошандагони хонаҳои пиронсолону барҷомондагон эм карда хоҳанд шуд. Ҳукумат аз рӯзи аввал эълон карда буд, ки эмкунӣ комилан ихтиёрист ва ҳар касе намехоҳад, маҷбур карда намешавад.
Фаронса сар аз 15 декабр маҳдудиятҳои карантиниро тадриҷан лағв мекунад. То кунун мақомоти ин кишвар гуфтаанд, ки муваффаққ ба боздоштани суръати афзоиши сироят шудаанд, вале ҳамоно дар як шабонарӯз наздик ба 10 ҳазор мубталои нав ба қайд гирифта мешавад. Аз 15 декабр синамохонаҳо, театрҳо ва осорхонаҳо дарҳои худро боз мекунанд. Ба оилаҳо иҷозат дода мешавад, ки ҷашнҳои солинавиро густардатар таҷлил кунанд.
Вазири тандурустии Олмон Йенс Спан ҳушдор дод, ки агар суръати афзоиши сироятшудагон ба коронавирус то остонаи Соли нав коҳиш наёбад, ин кишварро чораҳои шадидтарин карантинӣ интизор аст. Аз ҷумла, ҳамаи мағозаву дуконҳои ғайри ашёи ниёзи аввал баста хоҳанд шуд.
Ҳукумати Дании дар 38 шаҳр, аз ҷумла дар Копенгаген тадбирҳои шадиди карантинӣ ҷорӣ хоҳад кард. Барҳо ва тарабхонаҳо фаъолияти худро мутаваққиф мекунанд. Аксари мактабҳо дар ин кишвар дубора ба низоми омӯзишии онлайн бармегарданд.
Дар Швейтсария ба қароре омаданд, ки барои риоя накардани қоидаҳои карантинӣ ҷарима ҷорӣ кунанд. Акнун барои бениқоб будан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷаримаи 250 франки швейтсарӣ (230 евро) таҳдид мекунад. Дар сурате агар шахси дар карантин ё худинзивоъбуда низоми барояш таъиншударо вайрон мекунад, 1500 франк (1390 доллари ИМА) ҷарима хоҳад шуд.
Ба сокинони Шветсия иҷозат шуд, ки Соли навро дар ҳалқаи на бештар аз 8 нафар таҷлил кунанд.
Озарбойҷон ба қароре омад, ки аз 14 декабри соли равон то 18 январи соли 2021 дар кишвар тадбирҳои хеле шадиди карантинӣ ҷорӣ кунад.
Дар Исроил аз имрӯз, чоршанбе то давраи иди декабрии Ҳануко (иди ихлос, ки яке аз ҷашнҳои қадимии яҳудиён аст) аз соати 18:00 то 6 субҳ қуюди шабгардӣ эълон мешавад. Ҳануко, ки як иди қадимӣ ва пурҷамъияти яҳудиён аст, ҳамеша бо тантанаҳои хос таҷлил мешавад. Ҷашн ҳашт рӯз аст ва қариб ба ҷашни Крисмани насрониён ҳамроҳ меояд. Ҷашнест, ки хотираи пирӯзиҳои куҳанро барои мардум зинда медорад. Моҳи сентябри соли равон Исроил аввалин кишвари олам буд, ки низоми инзивоъро дубора дар саросари кишвар ҷорӣ кард. Ҳоло ҳам вуруди афроди ғайрияҳудӣ ба қаламрави Исроил манъ аст.
Дар як шабонарӯз дар қаламрави Русия 26 097 ҳодисаи нави гирифторӣ ба COVID-19 сабт шудааст, ки ин аз дирӯз 2 ҳазор камтар аст. Александр Гинсбург – Директори Маркази миллии таҳқиқотии Гамалеи, ки воксани русии "Спутник V" дар ин марказ таҳия шудааст, иброз дошт, ки коронавирус танҳо баъди эмкунии қисмати бештари сокинони кишвар назаротшаванда хоҳад шуд. "Мо ҳама асосҳои илмиро дорем ва метавонед то моҳи ноябри соли 2021 вазифаи аслии ҳимояи аҳолиро ҳал кунем. Вазифаи асосӣ ин аст, ки вазъро зери назорат гирем ва ҳудудан 70% аҳолии кишвар бояд бо воксани "Спутник V" эм карда шаванд”,-гуфт ӯ дар суҳбат дар телевизиони "Россия 24".
Шабонарӯзи гузашта дар Қазоқистон аз коронавирус 54 нафар фавтиданд ва 729 сироятшудаи нав сабт шуд. То кунун дар ин кишвар 138 382 мубтало ба қайд гирифта шуда, 122 291 нафар муолиҷа шудаанд.
Дар Қирғизистон 76 012 нафар гирифтори коронавирус сабт шуда, шумори фавтидагон аз ин беморӣ ба 1303 нафар расидааст.
Шумори сироятшудагон ба КОВИД-19 дар Ӯзбекистон 74 352 нафар эълон шуд. Дар айни замон дар муассисаҳои тибии ин кишвар 2 113 нафар табобат мешаванд. Вазири тандурустии Ӯзбекистон Абдуҳаким Ҳоҷибоев гуфт, ки аз мавҷи дуюми коронавирус ҷойи гурез нест, вале мо ба он омодагӣ мебинем.
Директори Институти саломатии ИМА доктор Ораш Алоӣ як сабаби кам гирифтор шудан ва фавт бар асари бемории COVID-19 дар Тоҷикистонро ба он иртибот дод, ки Тоҷикистон кишвари кӯҳсор аст ва аҳолии он низ зиёд нест. Гуфта шуд, ки чун аксар мардуми Тоҷикистон дар кӯҳистон зиндагӣ мекунанд, дар он ҷойҳо метавон фосилаи иҷтимоиро ба хубӣ риоя кард
Бино ба хабари дафтари матбуотии Вазорати тандурустӣ 7 декабри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19 семинар-машварати онлайнӣ доир гардид, ки дар он директори Институти саломатии ИМА доктор Ораш Алоӣ, муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ ва табибоне, ки бевосита гирифторони коронавируси нави COVID-19-ро табобат мекунанд, иштирок намуданд.