Семинари омӯзишӣ барои бахши роҳбарии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Дар доираи татбиқи минбаъдаи лоиҳаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии Рушд «Лоиҳаи миллии идоракунии офатҳои табиӣ» семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Ҳамгироии гендерӣ ва фарогирии иҷтимоӣ ба тағирёбии иқлим ва идораи хатари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон» оғоз ёфт.

Тӯли ду рӯз, бист корманди КҲФ, аз ҷумлаи ҳайати роҳбарикунанда, дониш ва  малакаҳои худро оид ба консепсияҳо ва равишҳои гендерӣ ба фарогирии иҷтимоӣ ва идораи хатари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон баланд мебардоранд. Семинар бо усулҳои интерактивии таълим гузаронида мешавад.

Ҷонишини Раиси КҲФ, полковник М. Салимзода ва роҳбари гурӯҳи амалисозии "Лоиҳаи миллии идоракунии офатҳои табиӣ" Турсунзода Ф. семинарро ифтитоҳ намуда, афзалиятҳои давраҳои омӯзишии кӯтоҳмуддатро зикр намуданд. Онҳо таъкид карданд, ки  баробарии гендерӣ ва фарогирии иҷтимоӣ дар такмили кор дар мубориза бо офатҳои табиӣ нақши муҳим доранд.

Семинар аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ гузаронида мешавад.

барчасп: