Шумори гирифторон ба КОВИД-19 дар олам 69 миллиону 239 ҳазору 671 нафар расид. Аз ин беморӣ 47 миллиону 994 ҳазору 611 нафар пурра муолиҷа шудаанд. Дар беморхонаҳои олам боз 106 ҳазору 890 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд. Теъдоди ҷонбохтагон аз коронавирус дар ҷаҳон 1 миллиону 575 ҳазору 810 нафар гуфта шудааст.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон аз ифшои боз 40 нафар сироятшудаи нав ба КОВИД-19 хабар дод. Бино ба иттилои ин манбаъ шумори гирифторон ба коронавирус дар кишвар ба 12 551 нафар расидаву аз ин беморӣ 11 968 (95,3%) нафар муолиҷа шудаанд. Шумори ҷонбохтагон 88 нафар эълон гардид.
Шабонарӯзи гузашта дар ИМА 101 921 нафар чун мубталои нав ба коронавирус ба қайд гирифта шуданд. Ҳоло шумори умумии гирифторон дар ин кишвар ба 15 миллиону 820 ҳазору 042 нафар расидаву аз ин беморӣ 296 698 (+1382) тан ҷон бохтаанд.
Табибони Британияи Кабир ба гирифторони аллергия (аллергия - бемории ҳассосияти ғайриодӣ (баланд)-и организм, ки дар натиҷаи таъсири баъзе омилҳои муҳит, масалан, моддаҳои химиявӣ, микробҳо ва маҳсули фаъолияти ҳаёти онҳо, хӯрокворӣ, дору ва ғайра (онҳоро аллерген меноманд) ба вуҷуд меояд) тавсия додаанд, ки аз воксани ширкати амрикоии Pfizer ва шарики олмонии вай BioNTech худдорӣ кунанд.
Вазорати тандурустии Канада истифодаи воксани ширкатҳои дорусозии Pfizer ва BioNTech-ро иҷзозат дод.
Як қисми зиёди сокинони Фаронса ба эмкунӣ бар зидди COVID-19 назари интиқодӣ доранд. Дар ин бора натиҷаи таҳқиқоте ҳикоят мекунад, ки ахиран мунташир шуд. Бино ба ин пажӯҳиш 70% пурсидашудагон аз авҷи коронавирус дар кишвар изҳори нигаронӣ мекунанд. Аммо 52% ширкаткунандагони ин пурсиш зидди воксанзанианд ва 30% онҳо гуфтанд, ки аслан аз воксан истифода нахоҳанд кард. 22% низ гуфтанд, ки эҳтимолан онҳо низ аз обилакӯбӣ худдорӣ мекунанд.
Дар Италия як кӯдак ҳанӯз охири моҳи ноябри соли гузашта гирифтори COVID-19 шуда буд. Таърихи расмии ҳамагирӣ дар ин кишвар аз 21 феврал ҳисобида мешавад. Коронавируси навъи нав аз озмоише, ки аз пешгоҳи коми ин кӯдаки чорсола дар Милан гирифта буданд, ин навъи коронавирусро ошкор карда будааст.
Сарвазири Исроил Бинямин Натанёҳу гуфт, ки эмкунӣ аз КОВИД-19 дар ин кишвар расман аз 27-уми декабр оғоз мешавад ва қарор аст ҳар рӯз то 60 ҳазор сокинон эм карда шаванд.
Миср ба воксани русии "Спутник V" таваҷҷуҳ кардааст. Дар ин бора Вазорати савдои саноати ФР баъди мулоқоти вазир Денис Мантуров бо вазири савдо ва саноати Миср Невин Гамеа, ки ба сурати онлайн сурат гирифт, хабар додааст.
Туркия ба санҷиши токсикологии воксани русии зидди коронавируси нав оғоз кекунад.
Ҳукумати Украина бо тавсияи Вазорати тандурустии кишвар рӯзи чоршанбе қарор дар бораи карантини шадид аз 8 то 24-уми январро қабул кард.
Дар кишварҳои Африқо қариб 2,3 миллион нафар мубталоён ба КОВИД-19 ба қайд гирифта шуданд. 9 декабри соли равон Иттиҳоди Африқо эълон кард, ки дар қаламрави давлатҳои узви ин паймон 2 286 786 нафар аз корронавирус ранҷуранд. То кунун аз ин беморӣ дар ин қаламрав 54 583 нафар фавтидаву 1 957 409 нафар шифо ёфтаанд.
Дар ин минтақа аз хоки олам сироятшудагони бештар дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (821 889), Марокаш (384 088) ва Миср (119 281) мебошанд.
Эрон истифодаи воксани тавлиди худро барои сокинонаш оғоз кард. Ин воксан аз COVID-19 қарор аст дуборӣ ба ихтиёриёни синну солашон аз 18 то 50, ки мубтало ба коронавирус нашудаанд, гузаронида шавад.
Дар 85 минтақаи Русия шабонарӯзи гузашта боз 26 190 ҳодисаи сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Аз ҳама бештар дар шаҳрҳои Москав (5145, қариб 100 нафар камтар аз як рӯзи қабл) Санкт-Петербург (3761), Подмосковйе (1372), вилоятҳои Нижегород (494) ва Архангелск (396), Карелия (388), Свердловск (385) ва Воронеж (380) сабт шудааст. Ҳамоно дар минтақаҳои Вилояти мухтори Яҳудӣ (29 ҳодиса), округи мухтори Ненетс (6 нафар) ва Чукотка (2 нафар) шумори мубталоён каманд.
Аврупо ба Русия таҳдид кард, ки дар иртибот ба хабарпарокании бардурӯғ дар мавриди коронавирус шадидтарин таҳримҳоро эъмол хоҳад кард. Дар ин бора дар маърӯзаи Комиссияи Аврупо бо номи “Нақшаи амал дар самти демократия” зикр шудааст.
Зарфи шабонарӯзи гузашта дар Қазоқистон боз 729 мубталои нав ба коронавирус сабт шудааст. Сардухтури санитарии Қазоқистон гуфтааст, ки авҷи нави коронавирус дар ин кишвар метавонад аз оғози соли нав шуруъ шавад. Ҳамоно вазъ дар вилоятҳои Қазоқистони Шимолӣ ва Павлодар ташвишовар аст.