Ду инфиҷори харобкори газ дар ноҳияи Рӯдакӣ. Як нафар ҳалок шуд ва 5 тани дигар дар бемористон бистарӣ шуданд. Иллати ин таркишҳо чӣ буд?

Зарфи ду рӯзи охир пайи ҳам дар як деҳаи тобеъи ноҳияи Рӯдакӣ ду инфиҷори газ ба қайд гирифта шуд, ки бар асари он як нафар ба ҳалокат расид ва 5 тани дигар бистарӣ шуданд. Ҳарду инфиҷор ҳам дар фосилаи як рӯз дар як деҳа иттифоқ афтодаву аз ду ҳавлӣ якеро валангор ва дуюмиро қисман хароб кардааст.

Инфиҷори аввал шоми рӯзи 4 декабри соли равон дар хонаи шаҳрванд Мастов Мирмат, соли таваллудаш 1974, истиқоматкунандаи деҳаи Маърифати ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ рух дод. Алангаи оташи газ ба бадани чор фарзанди соҳиби хона, ки аз 8 то 24 сол доштанд, расид ва аз 15 то 37 дарсад бадани онҳоро сӯзонд.

Онҳо фавран ба бемористон рақами 3 шаҳри Душанбе интиқол ёфтаанд ва ҳоло мавриди муолиҷа қарор доранд.   

Инфиҷори дуюм рӯзе пас, 5-декабри соли равон соати 16:05 дақиқа боз ҳам дар деҳаи Маърифати ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ рух дод. Дар  он Бобомурод Ҳаитови 46-сола, сокини ҳамин русто дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Худи соҳиби хона бар асари ҷароҳатҳои зиёд ҳоло дар беморхонаи рақами 3 шаҳри Душанбе бистарӣ шудааст.

 Дирӯз, 06 декабр ба ҷои  ҳодиса  гурӯҳи мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муайян сабабҳои ин ду рӯйдод рафтанд. 

Баъд аз муоина намудан бо асбобҳои махсус (газонализатор) муайян гардид, ки сабаби таркиши газ дар хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон аз балони газ набуда, балки аз қубури гази табии диаметраш 325 мм будааст, ки фаъолияти Маркази гармидиҳию барқии шаҳри Душанберо таъмин менамояд. Ин қубур иттифоқан аз назди хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон мегузарад ва ба кадом сабабе он сӯрох гардидаву вориди хонаҳо шуда ва сабабгори таркиш шудааст. 

Аз тарафи Озмоишгоҳи ҷумҳуриявии кимиёвӣ ва радиометрии Кумита аз ҳадди ниҳоӣ зиёд будани миқдори гази метан (15%) дар ҳавои атмосферӣ муайян шуда бо воситаи асбоби муайянкунандаи газҳо ФП-34 ба қайд гирифта шуд. 

Дар ин бора ва дар мавриди истифода газ дар биноҳои истиқоматӣ миёни аҳолӣ корҳои таблиғотӣ роҳандозӣ карданд. Гуфта шуд, ки барои эҳтиёт сокинон бояд ҳамеша ҷиҳати таъмини бехатариву саломатии худ сари вақт тоза кардани ҳавои хонаҳоро фаромӯш накунанд. Утоқҳо бояд ҳатман ҷойҳое дошта бошанд, ки агар ҳатто газ ҳам ворид шавад, роҳи хуруҷ дошта бошад. 

Муовини Раиси ноҳияи Рудакӣ - А.Саидмуродзода, муовини ШВКД-1 дар ноҳияи Рудакӣ - подполковник Раҷабзода М. ва муовини ҶДММ “Тоҷиктрансгаз”-Шоимов Ш. ва бригадаи таъмирию барқарорсозӣ дар ҳайати 10 нафар бо ҷалби як техникаи муҳандисӣ-экскватор низ ба ёрӣ расиданд.

Хулоса, дар натиҷаи таркиш як хоҷагӣ пурра ва як хоҷагӣ қисман зарар дида, як нафар ба ҳалокат расид, 5 нафар дар беморхона бистарӣ гардиданд.

Сабаби таркиш риоя накардани талаботҳои сохтмонӣ, ва хунукназарона рафтор намудани идораҳои масъул ва мақомоти маҳалии иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рудакӣ, аз ҷумла ҷамоати деҳотӣ Чортеппа мебошад.

Айни ҳол дар ҷои ҳодиса мутахассисон паёмадҳои ҳолати ба амаломадаро бартараф менамояд.

барчасп: