4 декабри соли 2020 дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон, таҳти раёсати Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ҷаласаи ҷамъбастии Платформаи Миллӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар соли 2020 баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа аъзои Платформаи Миллӣ - роҳбарони вазоратҳо, идораҳо ва ташкилотҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Зимни суханронии худ муовини якуми Раиси Платформаи Миллӣ оид ба коҳиш хатари офатҳои табиӣ – сарвари идораи наҷоти кишвар генерал-лейтенант Рустам Назарзода ба иштирокчиёни ҷаласа дар бораи фаъолияти Кумита дар соли 2020 оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ, инчунин дар бораи ҳолатҳои фавқулодда ва ҳолатҳои дар кишвар рухдода ва тадбирҳои андешидашуда иттилоъ дод.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳисоботи вазорату идораҳо дар бораи ташкили чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ баррасӣ шуданд.
Аз ҷумла, иштирокдорон ҳисоботи вазорату идораҳоро оид ба маблағгузории чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда аз ҳисоби Фонди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи таҳқиқотҳои илмӣ дар мавриди пешгирӣ ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар истифодаи замин ва заминкорӣ, таъмини амнияти саноатӣ - Стратегияи Чорум - саноатикунонии суръатноки кишвар, татбиқи тавсияҳои Барномаи қолабии Сендай ва масъалаи тасдиқи лоиҳаи зербарномаи Миёнамуҳлат барои солҳои 2019 – 2022, ки аз Стратегияи миллии идоракунии хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030 бармеоянд, шуниданд.
Ба Раиси КҲФ роҳбарон ва кормандони масъули вазорату идораҳои кишвар оид ба масъалаҳои марбут ба рӯзнома, аз ҷумла дар мавриди воксан алайҳи сирояти коронавирус, таҳлили пешниҳоди пешгӯии обу ҳаво ва рӯйдодҳои марбути он дар натиҷаи ҳавои номусоид ва ғайра суол карданд.
Инчунин, дар ҷаласа зиёда аз 20 созмони байналмилалии муқими кишвар ба сурати онлайн ширкат варзиданд.
Маврид ба ёдоварист, ки Платформаи Миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 марти соли 2012 ҳамчун як мақоми машваратии назди Комиссияи давлатии ҳолатҳои фавқулоддаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст. Ҷаласаи Платформаи Миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ соле ду маротиба баргузор мешавад, ки дар он иштирокчиён дастовардҳо, камбудиҳо ва роҳҳои ҳалли онро барарсӣ мекунанд.