Як нашрияи маҳаллӣ шаҳрдори Остин-пойтахти иёлоти Техассро ба нақзи қоидаҳои карантинӣ муттаҳам кард. “Austin American-Statesman” ахиран навишт, ки шаҳрдори Остин демократ Стив Адлер хилофи гуфтаҳои худ амал мекунад ва он чи ба мардум тавсия медиҳад, худ риоя намекунад. Стив Адлер дар вокуниш ба ин мақола гуфтааст, ки амалаш берун аз гуфташ набуд.
Гуфта мешавад, ки шаҳрдори Остин Стив Адлер борҳо расмана ба сокинони шаҳр муроҷиат кардаву онҳоро ба риояи қатъии чораҳои худинзовоъӣ даъват кардааст. Вай гуфтааст, ки сокинон хеле кам аз хонаҳои худ берун шаванд ва талош намоянд, ки корҳои худро бо риояи фосилаи иҷтимоӣ анҷом диҳанд. Ҳамзамон ба ҷойҳои ҷамъиятӣ ва серодам камтар ҳувайдо шаванд. Дар як муроҷиаташ дар Фейсбук гуфтааст: “Ҳоло вақти он нарасидааст, ки бепарво гаштугузор кунем. Мо хеле бадиққат ба рафтори одамон назорат мекунем. Агар мо бепарвоӣ нишон диҳем, пас лозим меояд хеле аз муассисаҳоро бандем”.
Аммо нашрияи маҳаллии Austin American-Statesman хабар ёфтааст, ки ин муроҷиатномаро шаҳрдор замоне сабт ва расонаӣ кардааст, ки бо аҳли хонаводааш дар яке аз бӯстонсароҳои Мексика истироҳат мекард. Вай ахиран ба ин тафреҳгоҳи машҳур бо ҳавопаймои хусусии худ рафта буд. Аммо худи Адлер мегӯяд дастурҳои додаашро вайрон накардааст. Вақте ҳар касе ба ман менигарад, хоҳад гуфт, ки вай “сайру саёҳат мекунад, вале касе гуфта наметавонад, ки ман сайру саёҳатро ба дигарон манъ карда бошам”.
Ин нашрия ҳамчунин навиштааст, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ ин шаҳрдор дар яке аз меҳмонхонаҳои овозадор ва гаронарзиш тӯйи духтарашро гузаронида, 20 нафарро даъват кардааст. Адлер ин хабарро ҳам тайид кардааст, вале гуфтааст, ки қоидаҳои беҳдоштиро дар ин маросим риоя карда буд ва ба ҳамаи даъватшудагон ниқоб тақсим карда буд. Аммо иқрор шудааст, ки эҳтимолан на ҳама аз ниқобҳо истифода кардаанд.
Ҳафтаи охир ду демократи соҳибмартабаи дигар низ ба нақзи талаботи беҳдоштӣ дар замони коронавирус муттаҳам шуданд. Губернатори Калифорния Гэвин Нюсом дар тарабхонаи Напа-Вэлли ҳамроҳ бо 12 лоббистон аз анҷумани табибони Калифорния ғизо хӯрдааст. Аммо ин губернатор гуфтааст, ки ин нақзи қоидаҳои беҳдоштӣ набуд, чун дар ҳавои кушод сурат мегирифт. Аммо аз расмҳои расонаишуда дида мешуд, ки бино бом дошт, се девори баста дошт, танҳо як девори шишаии он боз буд.
Хеле баъдтар дар ҳамин тарабхона шаҳрдори Сан-Франсиско Лондон Брит пайдо шуд, ки зодрӯзи яке аз дӯстонашро ҷашн мегирифт. Ягон нафар аз ширкаткунандагони ин ҷашнвора ниқоб надоштанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки Брин пайваста ба сокинони шаҳр муроҷиат мекард, ки дар хона бимонанд ва аз рафтан ба ҷойҳои пурҷамъият худдорӣ кунанд.
Сарусадоҳо дар мавриди аз ҷониби соҳибмақомҳо риоя нашудани қоидаҳои беҳдоштӣ дар ИМА замоне садо медиҳад, ки дар ин кишвар аз сирояти 14 миллиону 535 ҳазору 196 нафар ва ҳалокати 282 829 нафар аз КОВИД-19 хабар дода мешавад. ИМА ҳам дар сироят ва ҳам дар маргумир аз коронавирус дар ҷаҳон дар хати аввал аст.
Манбаъ: ВВС