Сели харобкори Деваштич ва Айнӣ. Пулҳо ва замину роҳҳои харобшуда. Об дар таҳхонаи сокинон. Шарҳи расмӣ

25-уми июли соли равон як сели харобкор, ки бар асари боронҳои пуршиддат ба заминҳои кишт ва хонаҳои мардум сарозер шуд, дар бахше аз хоҷагиҳои ноҳияи Деваштич зарари моддӣ расонд. Бино ба  маълумоти сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар ноҳияи Деваштич ин сел бегоҳии он рӯз, дақиқан аз соати 17:30 шуруъ шуд ва осори худро...

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз шиддати гармои даҳаи поёнии июл

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинод ба Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки нимаи дуюми даҳаи охири моҳи июл гармтарин рӯзҳохоҳанд буд, дамои ҳаво рӯзҳои 25 – 28 июл то 44 дараҷа хоҳад расид.

Бар асари ин гармӣ дар баландкӯҳҳо эҳтимоли беш аз...

Аввалин ҷашни арӯсӣ дар хонаҳои навбунёди Чорбоғ

Имрӯз дар рустои навбунёди Чорбоғ рӯзи шодист. Ду навҷавон дар остонаи анҷоми бунёди манзилҳои нав тасмим гирифтаанд ҷашни арӯсӣ барпо кунанд. Ин овои ҳаёти нав дар деҳаест, ки 67 хонавода дар он манзили нав ёфтанд. Ба назар мерасад ҳаёт ба маҷрои худ бармегардад, ғаму ғуссаи бехонагӣ пушти сар мемонад, ғамҳо ба шодиву сурур, гиряҳо табдил ба ханда мешаванд. Ҳаёт идома дорад! Шодиҳо фузун боду роҳҳо сафед!

Тақвият ва густариши корҳои таблиғотӣ дар Суғд

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои асосии шаҳри Гулистон, оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои ғарқшавии шаҳрвандон дар обанбори “Баҳри тоҷик” аз тарафи кормандони бахши шаҳрӣ дар обутобгоҳҳои обанбори “Баҳри тоҷик”, ки бештари аҳолӣ дар мавзеи мазкур машғули истироҳат мешаванд, аксия оид ба риоя намудани қоидаҳои...

Ҷавоне, ки ду ҳафта пеш ҳангоми оббозӣ худро ба дарёи Душанбе афканда буд, шаҳрванди Туркманистон будааст

Ҷасади як шаҳрванди 25-солаи Ҷумҳурии Туркманистон рӯзи гузашта аз канали калони Ҳисор, шафати “Кӯли Ҷавонон” пайдо шудааст. Сариев Перхат зодаи Туркманистон буда, муваққатан дар шаҳри Душанбе мезистааст. Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки наҷотдиҳандагон ҷасадро пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

Страницы