Мошини Hyundai СОЛЯРИС се раҳгузарро пахш кард. Ду нафар ҳалок, як нафар захмӣ. Ронанда беосеб

Ин ҳодисаи мудҳиш зӯҳри рӯзи 11-июли соли равон дар километри 172-уми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ рух дод. РонаНдаи 32-солаи мошини тамғаи Hyundai СОЛЯРИС аз уҳдаи идораи мошин набаромад ва се раҳгузарро дар ҷамоати деҳоти Шаҳристони ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд пахш кард. Ин мошин аз Душанбе ба самти Хуҷанд дар ҳоли ҳаракат буд. Сабаби садамаи маргбор дақиқ маълум нест.

Сӯхтор дар киштии ҳарбии Амрико 21 нафарро маҷрӯҳ кард

Бар асари таркиши шадид ва сӯхтор дар киштии десантбари амрикоии “Бонҳом Ричард” 17  маллоҳ ва 4 корманди ғайринизомии он захмӣ шудаанд. Ин киштӣ ҳоло дар пойгоҳи ҳарбии нерӯҳои дарёии ИМА дар шаҳри Сан-Диегои иёлоти Калифорния қарор дорад. Дар хабар гуфта мешавад, ки сӯхтор субҳи рӯзи якшанбе, 12-уми июл рух додааст. Бино ба гузориши идораи...

Идомаи корҳои пешгирӣ аз сироят ба КОВИД-17 дар Суғд

Гурӯҳи безараргардонӣ ва пешнигрӣ аз сироят ба коронаирус  СOVID-19 фаъолиятҳои поккорӣ дар иншооту муассисаҳо ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хучандро аз сар гирифт. Ин гурӯҳ, ки аз аввали авҷи вируси корона дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон дар вилояти Суғд амал мекард, зарфи ду рӯзи охир ба фаъолиятҳои

Роҳандозии корҳои таблиғотӣ дар соҳили обҳои қаламрави Суғд ва Хатлон

Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд аз тарафи кормандони бахши Рёсати Кумитаи ҳолатҳои  фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон дар асоси нақшаи чорабиниҳо оид ба риояи қоидаҳои оббозӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ ба мавсими оббозӣ дар соли 2020  корҳои таблиғотӣ ба роҳ монда шуданд.  Бо гарм шудани ҳаво ва оғози мавсими оббозӣ ҳамарӯза...

Дар заминларзаи 4 июл манзили чанде аз сокинони Тоҷикобод як андоза осеб дидаанд

Комиссияи байниидоравии расидагӣ ба паёмадҳои зилзилаи рӯзи 4-уми июл муайян кард, ки бар асари ин ҳолати фавқулода 26 хонаи истиқоматӣ қисман зарар дида, ба 85 манзили сокинон дар деҳаҳои Ғанишоб, Сафедоб, Дараи Назараки ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Об, рустоҳои Себистон, Ширинчашма, Сари Най ва Полезаки ҷамоати деҳоти Ширинчашма, деҳаи дараи Нушори ҷамоати...

Страницы