Идомаи корҳои пешгирӣ аз сироят ба КОВИД-17 дар Суғд

Гурӯҳи безараргардонӣ ва пешнигрӣ аз сироят ба коронаирус  СOVID-19 фаъолиятҳои поккорӣ дар иншооту муассисаҳо ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хучандро аз сар гирифт. Ин гурӯҳ, ки аз аввали авҷи вируси корона дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон дар вилояти Суғд амал мекард, зарфи ду рӯзи охир ба фаъолиятҳои худ идома дод.

Дастаи имдод дар ин ду рӯз дар Беморхонаи клиникии вилояти Суғд ба номи С. Қутфиддинов ва даромадгоҳҳои биноҳои 5-9-ошёнаи истиқоматии маҳаллаи 12-умро бо истифода аз дорупошакҳои муҳаррикдор, маҳлули гипохлорид натрий поксози карданд.

Дар як рӯз аз ҷониби гурӯҳ беш аз 20 бино безарар гардонида мешаванд.

Корҳои безараргардонӣ дар вилояти Суғд идома доранд.

           

Шаҳзодахон Бутаева,

сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсат,
лейтенанти калон ​