Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд аз тарафи кормандони бахши Рёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон дар асоси нақшаи чорабиниҳо оид ба риояи қоидаҳои оббозӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ ба мавсими оббозӣ дар соли 2020 корҳои таблиғотӣ ба роҳ монда шуданд. Бо гарм шудани ҳаво ва оғози мавсими оббозӣ ҳамарӯза дар мавзеъхои истироҳативу фароғатӣ, ки бештар одамон ҷамъ мешаванд, кормандони Раёсат дар байни аҳолӣ як сислсила чорабиниҳои пешгирикунандаро мегузаронанд.
Бино ба гузориши ҳамкорамон Шаҳзода Бутаева рӯзи гузашта низ масъулин дар соҳилҳои “Баҳри тоҷик” аксияи «Саломатӣ-неъмати бебахост!» роҳандозӣ карданд ва як ҳадафи он бо истироҳаткунандагон суҳбат кардан дар бораи бемории сироятии КОВИД-19 ва риояи ҳатмии қоидаҳои бехатарӣ ва шарҳи қарори ахир дар маврид буд. Аз сӯйи дигар кормандон ба истироҳаткунандагон дар бораи риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ суҳбат карданд.
Маврид ба ёдоварист, ки ҳар сол дар мавсими оббозӣ аз сабаби риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ва оббозӣ даҳҳо нафар дар обҳо ғарқ мешаванд ва ин мусибат якумрӣ дар хонадони онҳо мемонад. Мутаъсифона, аксарияти онҳо ҷавонону наврасон буда, аз сабаби бе масъулиятии падару модар, омўзгорон ва ё дар ҳолатҳои мастӣ ва риоя накардани қоидаҳои бехатарии оббозӣ дар об ғарқ мешаванд. Бояд қайд намуд, ки тибқи талаботи банди 6-и моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Точикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” омадааст: “Гаштугузори фарзанди то сини 6 сола бе ҳамроҳии шахси аз 14 сола боло дар кўча ва дигар ҳойҳои ҳамъиятӣ қатъиян манъ аст”.
Ҳамчунин ҳамкорамон Муроҷон Муйдинов аз вилояти хатлон хабар дод, ки кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин вилоят низ рӯзи 7 июн бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои ғарқ шудани одамон дар обҳои кӯлу дарёҳо дар мавсими тобистон як сислсила чорабиниҳо доир намуд.
Дар чорабинии мазкур бо истифода аз баландгӯякҳои нақлиёти махсуси наҳоти Раёсат дар бозорҳои марказии “Фаровон”, “Ҳоҷи Шариф” ва дар истогҳҳои нақлиётию кӯчаю хиёбонҳои шаҳр оид ба пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ ва қоидаҳои дуруст рафтор намудан дар ҳолатҳои ба амал омадани чунин ҳодисаҳо аҳолӣ огоҳонида шуда, миёни онҳо дастуру тавсияномаҳо паҳн карда шуд.