Ин ҳодисаи мудҳиш зӯҳри рӯзи 11-июли соли равон дар километри 172-уми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ рух дод. РонаНдаи 32-солаи мошини тамғаи Hyundai СОЛЯРИС аз уҳдаи идораи мошин набаромад ва се раҳгузарро дар ҷамоати деҳоти Шаҳристони ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд пахш кард. Ин мошин аз Душанбе ба самти Хуҷанд дар ҳоли ҳаракат буд. Сабаби садамаи маргбор дақиқ маълум нест.
Дар хабари Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд гуфта мешавад, ки ронанда сокини деҳаи Даҳанаи ноҳияи Варзоб Далер Исмоилов буда, дар ин садама аслан осеб надидааст.
Бар асари ҳодиса ду пиёдагарди канори роҳ, ки яке сокини 36-солаи ҷамоати деҳоти Оқтеппаи ноҳияи Спитамен Ғолибҷон Хоҷаматов ва дуюмӣ ҷавони 25-сола, сокини ҷамоати деҳоти Хушекати ноҳияи Айнӣ Муҳаммадкарим Ҷумъаев буданд, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.
Сокини 29-солаи ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Б.Ғафуров Тоҳирҷон Шарифов дар айни замон дар шуъбаи эҳёи бемористон ноҳияи Шаҳристон бистарист ва духтурон ҳоли ӯро низ вазнин гузориш кардаанд.