Дар асоси нақшаи чорабиниҳои асосии шаҳри Гулистон, оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои ғарқшавии шаҳрвандон дар обанбори “Баҳри тоҷик” аз тарафи кормандони бахши шаҳрӣ дар обутобгоҳҳои обанбори “Баҳри тоҷик”, ки бештари аҳолӣ дар мавзеи мазкур машғули истироҳат мешаванд, аксия оид ба риоя намудани қоидаҳои шиноварӣ ташкил ва гузаронида шуд.
Дар ин чорабиниҳо аёниятҳои иттилоотӣ дастраси истироҳаткунандагони сершумор гардонида шуд. Ҳамзамон, дар асоси қарори раиси шаҳр “Дар бораи ситоди шаҳрӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидэмикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти коронавирус (СОVID-19) дар истироҳатгоҳҳои соҳилҳои обанбори “Баҳри тоҷик” аз тарафи кормандони бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ҷиҳати пешгирии бемории коронавирус (СОVID-19) ташкил ва роҳандозӣ гардида, ба аҳолӣ варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.
Шаҳзодахон Бутаева