Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинод ба Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки нимаи дуюми даҳаи охири моҳи июл гармтарин рӯзҳохоҳанд буд, дамои ҳаво рӯзҳои 25 – 28 июл то 44 дараҷа хоҳад расид.
Бар асари ин гармӣ дар баландкӯҳҳо эҳтимоли беш аз ҳадди интизор об шудани барфу пиряхҳо вуҷуд дорад ва ин метавонад боиси он шавад, ки дар дарёҳои Панҷу Вахш сатҳи об боло равад. Омадани сел ва рух додани обхезӣ, лағзиши тарма ва резиши санг ҳам эҳтимол дорад.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон ва меҳмонони ноҳияҳои кӯҳӣ муроҷиат мекунад, ки дар чунин рӯзҳо хеле эҳтиёткор бошанд. Бахусус ҳангоми ҳезумчинӣ, чаронидани чорво, шикор зиракиро аз даст надиҳанд.
Кумита бори дигар ба шаҳрвандон муроҷиат мекунад, ки қоидаҳои бехатариву амниятро ҳангоми оббозӣ ва будубош дар соҳили обҳо риоя намоянд. Бахусус, ба бачаҳо эътибор диҳанд, кӯдакону наврасонро беназорат нагузоранд!
МАТОЛИБИ ДИГАР ДАР ИН БОРА
-
ПАЖӮҲИШ: Гармои шадид ба ҳадди бесобиқа мерасад
-
Дараҷаи ҳарорати дунё дар моҳи июли имсол аз солҳои гузашта бештар буд
-
Ҳушдор ва тавсияҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда барои эҳтиёт дар фасли гарм
-
Нигарониҳо аз гармои тоқатшикан дар олам. Донишмандон мегӯянд панҷ соли оянда гармтар аз ин хоҳад буд
-
Пажӯҳиш: Беш аз як миллион парандаҳои обӣ бар асари гармои ҷонсӯз ҳалок шудаанд