Ҷасади як шаҳрванди 25-солаи Ҷумҳурии Туркманистон рӯзи гузашта аз канали калони Ҳисор, шафати “Кӯли Ҷавонон” пайдо шудааст. Сариев Перхат зодаи Туркманистон буда, муваққатан дар шаҳри Душанбе мезистааст. Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки наҷотдиҳандагон ҷасадро пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.
Бина ба ҳамин хабар шаҳрванди Туркманистон рӯзи 8-уми июли соли равон ҳангоми оббозӣ аз баландии 5-6 метр худро ба дарёи Душанбе ҳаво додааст ва чун сараш сахт зарб хӯрда буд, дар об ғарқ мешавад.
Ҷаҳиши маргбор: Чаро ҷавони 25-сола дар оби дарёи Варзоб ғарқ шуд?
Ин ҳодиса қарибиҳои бегоҳи рӯзи 8 июл дар наздикии бинои Донишгоҳи миллӣ рух додааст. Аз он рӯз то кунун наҷотдиҳандагон нишоне аз ӯ меҷустанд ва бо гузашти ду ҳафта билохира пайдо шуд.
Ҳамчунин дирӯз 23 июли соли 2020 як сокини деҳаи Ниҳолпарвари ноҳияи Шаҳринав низ дар оби дарёи Кофарниҳон ғарқ шудааст. Бино ба маълумоти сардори Бахши Кумитаи ҳолатҳои ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Ҳисор рӯзи 23 июли соли 2020 соати 14:54 дақиқа номбурда бо ҳамроҳии се нафар рафиқонаш барои табобат ба деҳаи Конинамак, ҷамоати деҳоти Ориёни шаҳри Ҳисор рафтаанд. Баъдан ба соҳили дарёи Кофарниҳон рафта, хостаанд оббозӣ кунанд. Аммо бар асари риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ дар қисмати поёнии деҳаи Шарофободи ҷамоати деҳоти Ориён, дар дарёи Кофарниҳон ғарқ мешавад.
Номбурда 30 сол доштааст ва маълумоти бештаре дар барааш дастрас нест. Дирӯз бештар аз 50 нафар дар соҳилҳо ва чандин тани дигар савори 6 заврақ ҷасади ӯро ҷустанд, вале кофтуков натиҷа надод.
Тафсилоти хабар нашр мешавад.