Аввалин ҷашни арӯсӣ дар хонаҳои навбунёди Чорбоғ

Имрӯз дар рустои навбунёди Чорбоғ рӯзи шодист. Ду навҷавон дар остонаи анҷоми бунёди манзилҳои нав тасмим гирифтаанд ҷашни арӯсӣ барпо кунанд. Ин овои ҳаёти нав дар деҳаест, ки 67 хонавода дар он манзили нав ёфтанд. Ба назар мерасад ҳаёт ба маҷрои худ бармегардад, ғаму ғуссаи бехонагӣ пушти сар мемонад, ғамҳо ба шодиву сурур, гиряҳо табдил ба ханда мешаванд. Ҳаёт идома дорад! Шодиҳо фузун боду роҳҳо сафед!

***   ***   ***

Дар деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон сохтмони 67 хона барои сокинони зарардида аз сел ба анҷом мерасад. Ду хонавода аллакай метавонанд вориди хонаи худ шаванд.Бар замми ин имрӯз дар яке аз хонаҳои навсохти рустои навбунёд тӯйи арӯсии ду ҷавон баргузор гардид.

Имрӯзҳо дар ҳамаи хонаҳои навбунёд корҳои андоваи дохили хонаҳо идома доранд, дару тирезаҳоро ранг мекунанд ва дар кутоҳтарин фурсат кулли сокинон ба манзилҳои нави худ ворид мешаванд ва ҳаёт аз нав ба ҷӯш меояд. Ғаму кулфати бехонагӣ ба поён мерасад, ҷойи онро лабханди зебанда, хандаи марғуладори тифлакон мегирад. Вайронаҳо дубора обод мешаванд, зиндагӣ ба маҷрои худ бармегардад.

Ҳоло дар ҳамаи хонаҳо хатҳои нерӯи барқ ҳам кашида шудаанд. Баробарои бунёди хонаҳову ободӣ рушноӣ ҳам вориди ин манзилҳои нав мешавад.

Дар ин рустои нав ҳамчунин сохтани бунгоҳи тиббӣ, ҳаммом, сартарошхона, маркази савдо дар назар аст. Қарор аст 1,5 километр роҳ низ мумфарш шавад ва барои таъмини сокинон бо оби нӯшокб 18 чоҳ кананд. 

Маврид ба ёдоварист, ки 67 хонавода дар ноҳияи Хуросон бар асари омадани сел қисман ё пурра хароб шуда буданд. Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба осебдидагон 8 сотих замин ҷудо кард ва онҳо дар ҷойи амну бехтар ва дур аз селроҳо соҳиби хонаҳои нав шуданд. 

 

МАТОЛИБИ ҲАМСОН