COVID-19: Чин хостори санҷишу таҳқиқ дар кулли озмоишгоҳҳои биологии ИМА шуд
Чоп шуд: 23/06/2021 | redaktor
Зарфи як шабонарӯзи гузашта дар олам 281 610 нафар чун сироятшудаи нав сабт шуданд ва 6349 нафар фавтиданд. Рӯзе пеш Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфта буд, ки дар 24 соат 336 450 нафар мубталои ин вирус шуданд ва 7764 нафар ҷон бохтанд.
Комиссияи Аврупо бо ширкати дорусозии амрикоии Moderna, ки воксин зидди коронавирус истеҳсол мекунад, барои дастрас кардани боз 150 миллион доза муоҳада имзо кард.