14 сентябри соли 2021 тахминан соати 01:15 дар деҳаи Тундараи ҷамоати деҳоти Баҳори шаҳри Ваҳдат ярч ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷаи он иншооти ёрирасони ду сокини деҳа ва чойхонаи ҷамъиятӣ қисман хароб шудааст. Ҳаҷми ярч тахминан 1440 метри мураббаъ ҳисоб карда шудааст.
Тибқи маълумоти пешакӣ сабаби рониши замин аз меъёр зиёд обёрӣ кардани боғи себ будааст, ки дар қисмати болоии хонаҳои истиқоматӣ ва дар теппа ҷойгир шудааст. Ҷамъ шудани оби зиёд ва қабат ба қабати хоки теппаро фаро гирифтани он сабаби ҷамъшавии обу лой дар дохил шуда, ба лағзиши замин оварда расондааст.
Дар айни замон дар ҷойи ҳодиса Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда фаъолият дорад ва ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунад.
Дар рониши замин талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.