Милко Сингх – устураи варзиши Ҳинд аз коронавирус даргузашт
Чоп шуд: 21/06/2021 | redaktor
Милко Сингх-устураи варзиши Ҳинд, ки бо номи Сигхи паранда ҳам машҳур буд, баъди панҷ рӯзи даргузашти ҳамсараш аз коронавирус дар синни 91-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Зану шавҳар ба иллати мубтало шудан ба вируси корона дар бемористон бистарӣ буданд ва панҷ рӯз пеш ҳамсараш даргузашт ва ҳоло худи ӯ низ аз олам рафт.