ФАВРӢ: Вазири ҳолатҳои фаввқулодаи Руси ба ҳалокат расид

Генерали артиш, Вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Федератсияи Русия  Евгений Зиничев ҳангоми баргузории дарсҳои омӯзишӣ дар Норилс ба ҳалокат расидааст. Дар таъзияномаи вазорат омадааст:

“Бо андуҳи зиёд хабар медиҳем, ки ҳангоми иҷрои қарзи хидматӣ дар омӯзишҳои байниидоравии ҳимояи минтақаи арктикӣ аз ҳолатҳои фавқулода дар Норилск, ҳангоми наҷоти ҷони инсон сарвари Вазорати ҳолатҳои фавқулода Евгений Зиничев ҳалок шуд”.

Евгений Николаевич Зиничев 55 сол дошт ва аз соли 2018 аввал иҷрокунанда ва баъд Вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Русия таъин шуда буд.

Тафсилоти марги соҳибмақоми ҳукумати Русия расман эълон нашудааст.

Аммо РИА Новости истинодан ба навиштаи Маргарита Симонян, сармуҳаррири ширкати телевизионии RT навиштааст, ки Зиничев ба шаҳри Дудинка ҳамроҳ бо губернатори кишвари Красноярск Александр Усс рафтааст, то вазъи қисми сӯхторхомӯшкуниро  бубинад.  

Зиничев ҳамроҳ бо оператори ин телевизион дар канори як сахра меистоданд ва баногаҳ пойи оператор лағжид ва ӯ ба об сарозер шуд. Зиничев фавран худро ба об андохт, то ӯро наҷот диҳад. Аммо ба санги зери об бархӯрд ва ҳалок шуд. Оператори телевизион низ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.

барчасп: