Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз боди шадид ва чангу хок дар баъзе навоҳии кишвар

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки то 12-уми сентябри соли 2021 дар як қатор ноҳияҳои ҷануби кишвар ва навоҳии тобеъи марказ шамоли пуршиддат, ки дар як сония аз 15 то 20 метр мевазад ва эҳтимоли ба вуҷуд омадани хокбоду хокрезиш  дар назар дошта шудааст.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ хоҳиш мекунанд бештар ба гирифторони бемориҳои дилу раг, касалиҳои қанд ва гипертония  таваҷҷуҳ кунанд.

КҲФ ба ронандагон ва дӯстдорони кӯҳгардӣ, сайёҳон хотиррасон мекунад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳу пайроҳаҳои кӯҳӣ қоидаҳои техникаи бехатариро ҷиддан риоя намоянд.

Бахусус риояи фосилаи ҳаракати мошинҳо хеле муҳим аст, чун дар ин гуна боду ҳаво резиши санг ва омадани сел бар асари об шудани пиряхҳо эҳтимол дорад. 

барчасп: