Теъдоди гирифторон ба коронавирус дар олам ба 225 миллиону 488 щазору 186 нафар расид. Аз аввали ҳамагирӣ аз ин беморӣ дар ҷаҳон 4 миллиону 644 ҳазору 371 нафар ҷон бохтанд. Танҳо шабонарӯзи гузашта аз КОВИД – 19 1527 нафар фавтиданд. Тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ то ба имрӯз дар олам 202 миллиону 82 ҳазору 559 нафар шифо ёфтанд.
Ҳамоно кишварҳои ИМА, Ҳиндустон, Бразилия, Британияи Кабир ва Русия дар панҷгонаи мамолике мебошанд, ки шумори бештари гирифторон доранд.
Чин ахиран эълон кард, ки танҳо дар шаҳри Путян 19 ва дар шаҳри Чюанчжоуи вилояти Футзян як нафар гирифторони нав ба коронавирус сабт шудааст. Дар саросари Чин шабонарӯзи гузашта 46 ҳодисаи нави сироят ба қайд гирифта шудааст, ки 26 нафари онҳо аз хориҷ омада буданд. Аз аввали ҳамагирӣ дар Чин 95 199 нафар мубталои СOVID-19 шуданд ва 4 636 нафар ҷон бохтанд.
Шабонарӯзи гузашта дар Русия боз 18 554 ҳодисаи нави сироят ба коронавирус сабт шудааст. Шумори умумии гиифторон аз аввали пандемия ба 7 миллиону 140 ҳазору 70 нафар ва фавтидагон ба аз COVID-19 ба 192 749 расидааст.
Украина аз сирояти боз 2 196 нафар зарфи 24 соати гузашта хабар дод. Аз аввали ҳамагирӣ дар ин кишвар 2 миллиону 316 ҳазору 619 нафар сироят шуда, 54 342 нафар фавтидаанд.
Дар як шабонарӯз дар Молдова 681 нафар сироятшудаи нав сабт шудааст ва шумори мубталоён дар умум ба 274 599 расидааст. 6 507 нафар аз аввали ҳамагирӣ ҷон бохтаанд.
Зарфи 24 соати гузашта дар Қазоқистон 3088 нафар мубталои нав ба коронавирус ба қайд гирифта шуда, шумори умумии гирифторон дар ин кишвар ба 842 587 расидааст.
Теъдоди сироятшудагон ба Covid- 19 дар Ӯзбекистон аз аввали пандемия ба 164 890 ва фавтидагон ба 1 159 нафар расидааст.
Охирин хабаре, ки Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар сомонаи худ аз вазъи гирифторӣ бо коронавирус интишор додааст, ба омори рӯзи 12-уми сентябр такя мекунад. Дар он гуфта шудааст, ки рӯзи 12 сентябр дар кишвар 9 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт шуд ва 11 нафар баъди муолиҷа аз беморхонаҳо ҷавоб дода шуданд. Шумори умумии гирифторон ба Covid-19 аз аввали ҳамагирӣ ба 17 087 нафар расида ва 16 948 нафар шифо ёфтаанд. Аз ин беморӣ аз оғоз 124 тан ҷон бохтанд.