Сӯхторҳои бузурги олам. Аз Тахти Ҷамшед то оташсӯзии Лондан соли 1666

Сӯхтор яке аз қадимитарин болоҳоест, ки метавонад дар як замони басо кутоҳ кулли дороии инсонҳоро ба комаш кашад, ҷонҳоро ситонад, одамонро маҷрӯҳу маслуқ созад, рустоҳову шаҳрҳоро ба хок яксон кунад. Онро сӯхтани маводи сӯхтанӣ таъриф мекунанд ё оташе медонанд, ки нохоставу ғайриихтиёр ба вуҷуд меояд, дар як муддати басо кутоҳ аз назорат хориҷ мешавад, ки маъмулан бо дуди ғализу ҳарорати баланд ҳамроҳ аст. Сӯхтор иборат аз оташе мебошад, ки  аз як манбаъи ҳароратӣ дар лаҳзаи вуқӯъ идоранашавнда мегардад ва аз ҳамин як оташ сарчашма мегирад ва тавсеа меёбад.

Муқаддимаи сӯхтор густардатар аз он аст, ки ҳоло хондед. Аммо ҳадафи ё ёдоварии таърих аст. Бузургтарин сӯхторҳое, ки то кунун медонем.

 

Оташсӯзӣ дар Тахти Ҷамшед ба дасти Искандари Мақдунӣ

Соли 330 пеш аз милод Искандари Мақдунӣ (солҳои 356 то 323 пеш аз милод) вақте бар Дориюши сеюми Ҳахоманишӣ (солҳои  336 то330 то милод) - подшоҳи вақти эрониён пирӯз шуд, сартосари империяи қудратманди Эронро тасарруф кард. Вай ба пойтахт – шаҳри Порса  расид ва пас аз ғорати шаҳр ганҷинаҳои кохи бузург – тахти Ҷамшедро ба оташ кашид ва садсолаҳо осори ҳунарӣ ва дастнавиштаҳои куҳани эрониро ҳамроҳ бо қасрҳои бошукӯҳ ва толорҳои азими ин маҷмаъа, ки пойтахтро нигини императории Эрон сохта буданд,  аз байн бурд.

ШАРҲИ КУТОҲ: Тахти Ҷамшед   تخت جمشید‎. — шаҳри қадимаи форсҳо, ки дар асрҳои VI—V то милод, пойтахти шоҳони Ҳахоманишӣ буд. Осори он то ҳанӯз боқист. Аз соли 1979 чун осори тамаддун дар мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт шудааст. 

 

Сӯхтори бузурги Рум дар соли 64

Соли 64 милодӣ императори Рум Нерон буд. Дар таърих аз Нерон чун як шоҳи золим ном мебаранд. Вай дӯст медошт тарона хонад ва дӯст медошт одамонро маҷбур кунад, киба  садои ӯ ва таронаҳои ӯ гӯш андозанд. Бо дӯстонаш шабонгаҳон ба ғорати амволи мардум машғул буд ва масеҳиёнро шиканҷа мекард. Боре як шаби моҳи июл дар Рум сӯхтор сар зад. Муҳаққиқон баъзан мегӯянд, ки ин як ҳодисаи ногаҳонӣ буд. Аммо худи Нерон кулли масеҳиёни қаламравашро ба ин ҷиноят муттаҳам мекард ва мегуфт, ки чун ӯ ва ҳукуматашро чашми дидан надоранд, шаҳрро оташ задаанд. Аммо сокинон худи ҳокими вақтро гунаҳгор мекарданд, ки шаҳрро сӯзондааст.

Он шаби 19-уми июл, ки шаҳр месӯхту дуди он ба фалак мепечид, Нерон бо чеҳраи хушнудона аз айвони баланд ба шаҳр менигарист ва гӯё аз ин лаззат мебурд. Инро бисёриҳо мушоҳида кардаанд. Чун манбаъҳои хатии он замон ва бахусус нақли ин оташсӯзии азим то замони мо нарасидаанд, дар бораи сабабҳои он зиёд наметавон гуфт. Аммо он ки доманаи ин оташ басо густарда буду муддати 6 рӯз наметавонистанд онро хомӯш кунанд, баёнгари харобкории он буда метавонад. Боди шадид оташро афрӯхтатар мекард ва шаҳрро қариб пурра ба коми худ кашид. Аммо боз ҳам баъди анҷоми ин оташсӯзӣ Нерон бори гуноҳро ба сари масеҳиён зад, онҳоро ба шадидтарин ҷазоҳо гиифтор кард. Ин замоне буд, ки масеҳият чун як дини навпо ва ҷавон ба тозагӣ сар берун мекард ва пайравони зиёд ҳам надошт. 

 

Сӯхторҳои Амстердам, солҳои 1421 ва 1452

Амстредам пойтахи Ҳолланд буда, аз нигоҳи бузургӣ яке аз калонтарин шаҳрҳои ин кишвар аст. Дар асри 15 қариб ҳамаи биноҳои Амстердам чӯбӣ буданд. Ин як асри тираву пурфоҷеа барои ин шаҳри аврупоӣ буд: дар ҳамин як садсола ин шаҳр ду сӯхтори азимро пушти сар гузошт, ки яке даҳшатовартар аз дигаре буд. Бахусус сӯхтори соли 1452 аз чор се ҳиссаи биноҳоро ба коми худ кашид. Одамон бехонаву дар шуданд, фақру бенавоӣ ғолиб шуд. Ин ду фоҷеаи таърихӣ боис гардид, ки ҳокимон қарор кунанд, ки биноҳо набояд аз ин ба баъд куллан чӯбӣ бошанд. Танҳо намоди пешу ақиби биноҳо аз чӯб ё бо чӯб оро дода шудаву боқӣ худи бино асосан аз сангу гил ва дигар ашёе, ки намесӯзад, сохта шавад. 

 

Сӯхтори бузурги Лондан, соли 1666

Оташсӯзии бузурги Лондон, ки дар таърих ҳам бо ҳамин ном мондааст, минтақаҳои марказии ин шаҳри дар он замон бузургро фаро гирифт. Он аз якшанбеи 2 сентябр то чаҳоршанбеи 5 сентябри соли 1666-ро дар бар гирифт. Ин сӯтор таҳдиди шадиде ба ноҳияи ашрофии  Вестминстер (анг. Westminster – маҳдудае аз Лондани марказӣ ва шаҳри Вестминстер аст. Ин маҳдуда аз соҳили шимолии рӯдхонаи Таймз ва дар ҷанубу ғарбии Сити Лондан воқеъ шудааст) – ро ҳам таҳдид кард. Дар ин сӯхтор 13 200 хона, 87 калисои минтақаӣ (ҳатто калисои ҷомеи Павли муқаддас), қисмати бештари биноҳои ҳукуматиро фаро гирифт. Аз 80 ҳазор бошандагони онвақтаи Лондан 70 ҳазор нафари онҳо аз хонаву кошонаи худ  маҳрум шуданд. Аммо дар бораи талафи одамон маълумоти дақиқ дар даст нест. Танҳо гуфта мешавад, ки чандин нафар ҳалок шуданд. Вале ҳам шоҳидон ва ҳам матолиби хаттии он замон ҳикоят аз он мекунанд, ки аксари ҳалокшудагони ин сӯхтори даҳшатнок ба қайд гирифта нашуда буданд. Гузашта аз ин оташ ба ҳадде бузург буд, ки метавонист ҷасадҳоро ба хокистар табдил диҳад ва ё ба ҳадди шинохтанашаванда симои онҳоро тағйир диҳад. 

Сӯхтор аз нонпазхонаи Т. Фарринер нимишабии 2 сентябр оғоз шудааст ва он башиддат ба самти ғарб аз тариқи Сити ҳаракат кардааст. Он замон машҳуртарин усули мубориза зидди густариши майдони оташсӯзӣ он буд, ки биноҳои сари роҳи онро хароб мекарданд, то он ба дур натавонад расад. Аммо соли 1666 ҳукуматдорони Лондан ба чунин иқдом даст назаданд, ин буд, ки аллакай субҳи рӯзи 3 сентябр  шӯълаи оташ аз Паддинг-лейн (ҷойе, ки оғоз шуда буд) ба самти шимоли шарқ ҳаракат кард ва ин қисмат зарфи чанд соати оянда пурра ба коми оташ рафт.

Сокинон ба ин назар буданд, ки ин кори дасти муҳоҷирон, бахусус ҳолландиҳо ва фаронсавиҳост. Ин ду кишвар он замон дар Ҷанги дуюми Англия ва Ҳоланд ба ҳам душман буданд. Аммо билохира гунаҳгори беруна пайдо нашуд ва соли 1667 Шӯрои подшоҳӣ ба қароре омад, ки ин сӯхтор тасодуфӣ буд, ҳодисаи фавқулодае буд, ки бо дасти шахсе анҷом нашуд, балки “дасти Худованд, боди шадид ва беборонӣ” буд.

Сӯхтор ба ҳадде осори худро гузошт, ки лозим омад Лондан аз нав сохта шавад, бо меъмориҳои дигар ва тарҳҳои ҷадид. Ин отшасӯзӣ ҳамчунин кумак кард, ки шаҳр аз вабое, ки аз соли 1665 гирифтори он буд, наҷот ёбад.

Ин рӯйдоди фоҷеабор дар филми “Лутфи салтанатӣ”, ки соли 1995 коргардон Майкл Хоффман аз рӯи романи Роуз Тремейн бо буҷаи 18 миллион доллар ба навор гирифта буд, инъикос ёфтааст.

барчасп: