14 сентябри соли равон ғолибон ва ҷоизадорон аз ҷумлаи кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар мусобиқоти варзишӣ пирӯз омада буданд, бо ҷому дипломҳо сарфароз гардонида шуданд. Ҳамаи ин чорабиниҳои варзишӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлоли кишвар роҳандозӣ шуда буданд.
Дипломҳо, ҷомҳо, медалҳо ва дигар туҳфаҳо аз ҷониби муовинони Раиси КҲФ полковникҳо С.Исозода ва И.Иброҳимзода тақдим шуданд.
Ҳамасола сарраёсатҳо, раёсатҳо ва шуъбаҳои дастгоҳи марказии КҲФ, воҳидҳои минтақавӣ, қисмҳои ҳарбӣ, дастаҳои наҷоти Кумита дар чорабиниҳои варзишӣ дар намудҳои варзиши сабук, мини-футбол, волейбол, шатранҷ, тирпарронӣ, тениси рӯи миз фаъолона ширкат мекуннад.