Фоҷеаи «Гинденбурд» ва «Осоавиахим». Анҷоми давраи дирижаблҳои гидрогенӣ

Бузургтарин фоҷеаи дирижабл суқути «Гинденбурд»- яке аз калонтарин дирижаблҳои он замон буд, ки 6 майи соли 1937 дар пойгоҳи ҳавопаймоии Лейкхерсти шаҳри Манчестер-Тауншипи ИМА иттифоқ уфтод. Ин дирижабл ҳангоме сарнагун шуд, ки мехост баъди анҷоми маъмурияташ фуруд ояд ва он баногаҳ оташ гирифт ва ба замин зад. Зарфи 34 сония комилан сӯхта ба хокистар табдил ёфт. Аз 97 нафаре, ки дар он савор буданд 35 нафар ба ҳалокат расиданд (13 мусофир ва 22 аъзои экипаж) ва як коргари дигар дар замин бар асари оташи тези сӯхтор ҷон бохт.

Дар бораи ин фоҷеа аз ҷониби мақомоти расмии салоҳиятдори Олмон ва ИМА ва ҳам одамони алоҳида фарзияҳои гуногун баён шуданд. Тибқи фарзияи расмӣ сабаби ин оташсӯзӣ ихроҷи гидроген ва оташ гирифтани он буд, ки ҳангоми нишастан ба замин баллони гидроген таркид ва дирижаблро ҳалок кард.

Ҳалокати “Гинденбург” оламиёнро шадидан такон дод.  Ва ин оғози анҷоми замони дирижаблҳо шуд. Кишварро водор кард, ки аз истифодаи гидроген барои дирижаблҳо худдорӣ кунад. Донишмандон роҳҳои дигари сохтани ин ҳавогардро ҷустуҷӯ ва пайдо карданд.

 

Ҳалокати «Осоавиахим» дар Иттиҳоди Шӯравӣ

83 сол пеш аз ин Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравиро як фоҷеаи мудҳиш шадидан такон дод. 6 феврали соли 1938 дирижабли СССР-В6 «Осоавиахим», ки ба кумаки  қутбшиносон-папанинчиён эъзом шуда буд, дучори фалокат шуд. Дар фоҷеаи мудҳиш беҳтарин аэронавтҳои Шӯравӣ ба ҳалокат расиданд ва худи фоҷеа соҳаро ба маҷрои дигар равона сохт. Пойгоҳи хабарии Лента.ру як матлаберо интишор дод, ки таҳлили муфассали ин рӯйдоди таърихӣ буд. Ва мухтасари он чунин аст:

Контр-адмирал И.Д.Папанин

Моҳи феврали соли 1938 экспедитсияи хеле муҳими давлатии Шӯравӣ зери хатар монда буд. Яхпорае, ки стансияи шиновари қутбии “Қутби шимол-1” ҷойгир шуда буд, ба шиддат об мешуду ҳаҷми он коҳиш меёфт. Якҷо бо сарвари ин экспедитсия Иван Папанин (Иван Дмитревич Папанин-сайёҳ, доктори илмҳои географӣ, муҳаққиқи Арктика, контр-адмирал, ду карат Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, ки солҳои 1894-1986 зистааст) се нафар олимоне, ки маълумотҳои хеле муҳими пажӯҳишӣ дар ихтиёр доштанд низ метавонистанд ба ҳалокат расанд. 

Барои наҷоти қутбшиносон киштиҳои яхшикан эъзом шуда буданд, вале ҳеч кафолате набуд, ки онҳо сари вақт ба макони ҳодиса мерасанд. Дар ҳамин ҳол гурӯҳе аз ҳавонавардон дастабакор шуданд ва пешниҳоди эъзоми дирижабл ба Қутби шимол шуданд. Бо ин кор онҳо ду ҳадафро дунбол мекарданд. Аввалан дар воқеъ мехостанд ёрӣ расонанд ва баъдан мехостанд шуҳрат касб кунанд ва таваҷҷуҳи ҷомеаро ба дирижаблҳо бештар ҷалб намоянд. Беҳтарину маъруфтарин халабонҳо ба номи Сталин нома навиштанд. Бино ба арзёбии муаррихи ҳавонавардӣ Алексей Белокриса дар нома онҳо дар тасвири имкониятҳои дирижабл сахт муболиға мекарданд. 

Шаби 3-уми феврал фармондеҳи он Гудовансевро ба Кремл даъват карданд. Соати сеи шаб вай бо Сталин як суҳбати хеле кутоҳе дошт ва баъди ҳамин суҳбат тасмими эъзоми дирижабл гирифта шуд. Таҳлилгарон мегӯянд қарори эъзоми дирижабл замоне эълон шуд, ки ҳавонавардон таҷрибаи парвоз дар қутбро надоштанд. 

Омодагӣ ба ин амалиёт мушкилоти худро дошт. Мутахассисон ва онҳое, ки имкониятҳои дирижабл барояшон бештар маълум буд, зери фишори дастгоҳи иҷроияи бюрократии Шӯравӣ ва дастурҳои НКВД илоҷи муқовимат надоштанд. Зарфи ду рӯз мебоист ба ин парвоз омодагӣ медиданд. Шаби 5-уми феврал бо вуҷуди ҳавои номусоид (шамол, туман, сардӣ ва резиши барфи шадид)  СССР-В6 озими шимол шуд.

 Тибқи нақша ин киштии ҳавоӣ мебоист то Мурманск парвоз мекард ва баъди сӯхт гирифтан дубора ба самти Гренландия, ки якпора бо папанинчиён дар ҳамон мавқеъ шино мекард, ба парвозаш идома медод. Барои боло овардани онҳо махсус гаҳворае сохта буданд. Қарор буд пажӯҳишгаронро ба наздиктарин замини галаҷазираҳои Шпинсберген мерасоданд.    

Миёнаҳои рӯзи дигар «Осоавиахим» дуртар аз минтақае парвоз кард, ки то кунун рафта буд. Бино ба радиограммаҳои расида дар оғоз парвоз тибқи нақша ва пешбиниҳо сурат мегирифт. Ҳангоми таваққуф дар Мурманск нақшаи амалиёти баъдиро баррасӣ карданд ва ҷузъиёти наҷоти қутбшиносони гурӯҳи Папанин мавриди суҳбат қарор гирифт. Аммо онҳо куҷо медонистанд, ки то ба макони таъиншуда намерасанд. Баъди ғуруби офтоб биниш бад шуд ва худи ҳамин аз ояндаи хеле мусибатбор пешгӯӣ мекард. Дирижабл дигар ба самти таъиншуда ёрои ҳаракат надошт. Чун шишаҳо сафед шуда буданд, ҳавонавардон намедиданд, ки бо суръати наздик ба 90 км соат хеле паст парвоз мекунанд. Дар пеш кӯҳ омад ва ҳарчанд имкон доштанд, ки зарфи чанд сония ҳаракатро ба боло идома диҳанд ва дирижаблро аз бархӯрд бо кӯҳ наҷот диҳанд, вале мутаассифона ин кор сурат нагирифт ва дирижабл ба сахра бархӯрд. 

Сокинони маҳаллӣ садои таркиши шадидро шуниданд ва баъди он диданд, ки як сутуни оташ ва дуди ғализ боло шуд. Оташ ба ҳадде бузург буд, ки атрофро ба сони рӯз рӯшан кард. Фоҷеа ҳамон шаб ба ҳукуматдорон маълум шуд ва ба ҷустуҷӯи фалокатзадагон лижаронҳо сафарбар шуданд. Тамоми шаб ҷойи садамаро ҷустанд. Вақте тӯфон ором шуд, дастаҳои марзбонон  зиндамондагонро пайдо карданд. Шаш нафар дар як гулхани байни дарахтон, ки атрофи онро шикастапораҳо фаро гирифта буд, гарм мешуданд. Се нафар дар ҳоли садамотӣ қарор доштанд ва лолу гаранг буданд, вале дар умум солим. Ду нафар сӯхта буданд, як нафар ҷароҳат бардоштаву чанд ҷои баданаш шикаста буд. Боқи ҳама, аз ҷумла саварони парвоз Гудовансев ва Панков  ба ҳалокат расида буданд.

Бо вуҷуди тафтишу санҷишҳо гунаҳгорони асосии ин фоҷеа пайдо нашуданд, сабаби ҷиддии ҳалокати Дирижабл низ то охир таҳқиқи мантиқӣ нашуд. Ҳарчанд биёриҳоро баъдан боздошту ҳабс карданд ва шояд баъзеҳоро дар доираи барномаи “поксозӣ аз зарарасонҳо” ба қатл ҳам расонда бошанд. 

Ду ҳафта баъди ин фоҷеа дастаи Папанин наҷот дода шуд, як киштии яхшикан билохира то ба онҳо расид. Аммо суқути  «Осоавиахим» чун дар дигар кишварҳо ба давраи шукӯҳу шаҳомати дирижаблҳо поён дод ва соли 1940 сохтани онҳо қатъ шуд.

барчасп: