Дар ду садмаи маргбор, ки яке дар роҳи Душанбе-Хуҷанд ва дуюмӣ дар ноҳияи Рӯшон рух дод, 5 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар ду маврид ҳам ронандагон аз уҳдаи идораи мошинҳои худ набаромаданд. Дар ду маврид ҳам ду мошин ба ҷарии умқашон то 200 метр фурӯ рафтанд. Ронандагон қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро риоя намекунанд. Агар риоя мекарданд, дар роҳи Душанбе – Хуҷанд 10 мошин ба ҳам барнамехӯрданд
14 – уми сентябри соли 2021 соати 18:30 ба вақти маҳаллӣ дар 65 километрии роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, минтақаи Майхӯраи ноҳияи Варзоб садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд.
Ронандаи мошини боркаши тамғаи «Дулан Хова», як сокини вилояти Хатлон дар ӯҳдаи идораи мошин набаромад. Ин ноуҳдабароии ронанда сабаби ба ҳам бархӯрдани 10 мошини дигар шуд. Мошини тамғаи «Toyota» бар асари зарбаи шадид ба ҷарии умқаш то 200 метр сарозер шуд.
Дар ин ҳодиса як зани 50-сола, сокини ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба ҳалокат расид. Мусофирони дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд ва ба беморхонаи ноҳияи Варзоб интиқол дода шуданд.
Ба ҷойи ҳодиса наҷотдиҳандагони Раёсати ҷустуҷӯ ва наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар шуданд.
Онҳо аз ҷарӣ мошин ва чизу чораи мусофиронро берун оварданд ва ба соҳибонашон супурданд.
Дар айни замон роҳи Душанбе-Хуҷанд боз аст ва равуои мошинҳо аз сар гирифта шудааст.
Ҳодисаи дуюми нақлиётӣ дар наздикии деҳаи Хуфи ноҳияи Рӯшони ВМКБ рух дод. Ҳангоми ҳаракат аз қаламрави ноҳияи Рӯшон ба деҳаи Хуф ронанда аз ӯҳдаи идораи мошин набаромад ва ин мошин ба умқи 100-150 метр партоб шуд.
Бар асари ин ҳодисаи ҳамаи касоне, ки дар мошин менишастанд, аз ҷумла ронанда ва се мусофири он ба ҳалокат расиданд. Ронандаи мошин 54 сол дошт. Яке аз мусофирон 74-сола ва ду нафари дигар 34-49-сола буданд.
Дар айни замон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷузъиёт ва сабабҳои ин садмаи маргборро муайян мекунанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба ронандагон муроҷиат мекунад, ки ҳангоми сафар дар роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳҳо, бахусус фосилаи байни мошинҳоро риоя кунанд.
Агар фосила риоя мешуд, дар роҳи Душанбе-Хуҷанд ба ҳеч ваҷҳ 10 мошин якбора ба ҳам барнамехӯрд.