Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз эҳтимоли омадани сел дар баъзе минтақаҳои кишвар

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки то 20-уми августи соли равон дар як қатор ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва қисмати ғарбии ВМКБ эҳтимоли омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо вуҷуд дорад.

Таркиши як танкери сӯхтбар дар Лубнон 20 нафарро кушт

Дар таркиши як танкер дар шимоли Лубнон дастикам 20 нафар кушта шуданд. Ин танкер маводи сӯхт интиқол медод. Салиби Сурхи байналмилал ин хабарро тайид кард ва аз интиқоли 7 ҷароҳатдида ва ҷасади қурбониёни ин инфиҷор хабар дод. Ин созмони байналмилалӣ ҳамчунин гуфтааст, ки бемористонҳои минтақа шадидан ба хун барои ин маҷрӯҳон ниёз доранд.

Тасвири мунташиршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ як  сӯхтори басо бузургро дар соатҳои  аввали бомдоди рӯзи якшанбе нишон доданд. Иллати ин таркиш ҳанӯз  маълум нашудааст.

Наҷоти тифли чорсола дар як хона, ки танҳо монда буд

Кормандони наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дари як сокини кӯчаи Нусратулло Махсумро боз карданд ва тифли чорсолаи ӯро солим ба модараш супурданд.

Ин занги телефонӣ дар мавриди баста шудани дари хона ва дар дохил мондани тифли чорсола ба Қисми

Заминларза дар қаламрави Тоҷикистон. Талафоти ҷонӣ нест

15 – уми августи соли 2021 соати 15:41 дақиқа дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази ин заминларза 186 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе ва 113 километр аз шаҳри Хоруғ дар қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон буд. 

Қувваи заминларза дар маркази он 4-3 балл, дар шаҳри...

Зикри ҷиноятҳои экологӣ дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Шарҳи мутахассис

Зери мафҳуми ҷиноятҳои экологӣ кирдорҳои ба ҷамъият хавфноке фаҳмида мешавад, ки онҳо ба тартиботи ҳуқуқии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойдошта, яъне амнияти экологии ҷамъият, ҳудуди муҳити табиӣ ва саломатии одамон зарар мерасонанд.

Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 вобаста ба муҳимияти объекти ҷиноят – муносибатҳои...

Страницы