Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе  бахшида ба Рўзи байналмилалии коҳиши хатари  офатҳои табиӣ аз рӯзи 28-уми сентябри соли равон то рӯзи 5-уми октбяр тибқи Нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда  дар Муассисаҳои таҳсилоти миёни умумии ноҳияҳои шаҳри Душанбе як сислсила чорабиниҳо баргузор намуд.

Ин чорабиниҳо бо ширкати васеъи донишомӯзону муаллимон гузаштанд ва кормандони бахши наҷот, ҳамчунин мутахассисони самтҳои дигар миёни иштирокдорон суханрониҳо намудаву машқҳои муҳими наҷотро намоиш доданд.

Дар ин дидору мулоқотҳо ҳамчунин дар бораи роҳу шеваҳои пешгирӣ аз сирояти коронавирус ва дигар бемориҳои гузаранда, ҳамчунин қоидаҳои бехатарӣ дар роҳҳо, об ва ғайра суҳбатҳои муфид анҷом доданд.

Дар рафти баргузории чорабинии мазкур дар байни хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, Дастаи махсуси зудамали наҷот рўзи дарҳои кушод бо намоиши техникаи махсуси садамавию наҷот ва амалиётҳои ҷустуҷӯву наҷот дар байни хонандагон ва омўзгорон ташкил ва гузаронида шуд.

            

С.Шамсизода, Сардори Раёсат, полковник