Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо мақсади арҷгузорӣ, эҳтироми забони модарӣ, дар сатҳи зарурӣ истиқбол гирифтани Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Муовини сардори Раёсат оиди корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ полковник Ширинҷон Собирзода ҷамъомадро ифтитоҳ намуд ва дар пос доштани мақому манзалати забони тоҷикӣ сухан ронда, афзуд, ки донистани забони давлатӣ далели эҳтиром ба миллат, арзишҳои миллӣ ва таърихию фарҳангии хеш аст. Моро зарур аст, ки забони модарии худро дар баробари Модар ва Ватан аз муқаддасоти олӣ эътироф намуда, ин андешаро бо як ифтихори бузург аз миллати соҳибтамаддуни хеш дар зеҳни наслҳо низ парвариш диҳем ва бо ҳама зебоиву тавоноияш ба мерос гузорем.
Баъдан майор Адолат Карамхудоева суханронӣ кард, дар атрофи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" чанд нуқраро баён намуда, зикр намуд, ки барои амалӣ кардани муқаррароти қонуни мазкур, дар мамлакат Кумитаи забон ва истилоҳот таъсис гардидааст, ки дар он назорати иҷрои муқаррароти қонун, риояи меъёрҳои забони давлатӣ ва дар маҷмӯъ татбиқи сиёсати давлатии забон масъулияти бисёр муҳим дорад.
Инчунин яке аз тадбирҳои ҳадафмандонаи ҳукумати кишвар дар татбиқи сиёсати давлат дар бораи забон, таҳия ва пешниҳоди Барномаи стратегии рушди забони давлатӣ дар кишвар маҳсуб мешавад, ки он метавонад дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ин сиёсат барои солҳои тӯлонӣ ҳамчун дастури муҳим ва муҳим истифода шавад.
Шаҳзодахон Бутаева,
сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсат,
лейтенанти калон