Корҳои таблиғотӣ дар тафреҳгоҳҳои наздисоҳилии Суғд. Наҷоти як шиновари 18-сола дар Душанбе, ки қариб буд ғарқи об мешуд

Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуши ғарқшавӣ Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар асоси нақшаи чорабиниҳои Раёсатдар мавриди риояи қоидаҳои обббозӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ дар соли 2021, ҳамарӯза рейдҳо, корҳои таблиғотӣ дар байни аҳолӣ баргузор мекунад. Чунин як чорабинӣ дар шаҳри Гулистон баргузор гардид.

Тоҷикистон аз Чин вакиснаи “Коронавак” мехарад

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон хабар дод, ки масъулинаш бо Чин дар мавриди дарёфти бастаҳои ваксинаи “Коронавак” гуфтугӯ кардаанд. Ин манбаъ гуфтааст, ки қарор аст ширкати созандаи ин ваксина Sinovac Research & Development Co. Ltd” дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин созишномаи харид ва таҳвили онро пешниҳод кунад. Ин гуфтугӯ дар низоми онлайн рӯзи 13-уми июли соли

Ҷанбаҳои манфиву мусбати воксинкунӣ дар суҳбат бо доктор Абдуллоҳ Давлатов

Дар мавриди воксинатсия то ин замон чанд матлаб дар саҳифа гузоштем, вале суолҳои беҷавоб ҳамоно зиёданд. Баъди пахши матолиб дар ин мавзӯъ дар ҳошияи он дар шабакаҳои иҷтимоӣ суолҳое ҳам расиданд, ки лозим донистем нисбати онҳо бетаваҷҷуҳ набошем. Бастае аз ин суолҳоро дар суҳбат бо духтури шинохтаи тоҷики муқими Москав Абдуллоҳ Давлатов дар миён гузоштем. Доктор Абдуллоҳ Давлатов аз

COVID-19: Марги боз 7 469 нафар дар олам, ки 3 нафари онҳо аз Тоҷикистон буданд

Зарфи як шабонарӯзи гузашта дар олам  372 970 мубталои нав ба коронавирус ба қайд гирифта шуд ва 7469 нафар аз ин беморӣ фавтиданд. Шумори умумии гирифторон ба COVID-19 дар олам ба 187 миллиону 086 ҳазору 096 нафар расидааст. Бар асари ин касалии ҳамагир то кунун ҳудудан 4 миллиону 43 ҳазор нафар ҷон бохтаанд.

Ду заминларзаи нимишабӣ дар фосилаи 15 дақиқа. Талафоти ҷонӣ нест

14-уми июли соли равон соати 01:56 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази зилзила 196 километр шимолу шарқи Душанбе,  14 километр шарқи ноҳияи Рашт буд. Қувваи заминларза дар марказаш 3-4 баллдар шаҳри Душанбе  2 баллро ташкил дод.

Ба дунболи ин тахминан соати 02:10 дақиқа ба вақти маҳаллӣ

Страницы