Давлати Чин аз саргардонии ҳудудан 2 миллион сокинонаш дар вилояти Шонси дар шимоли ин кишвар бар асари сели азим хабар дод. Дар хабар омадааст, ки ин обхезӣ 76 ноҳия, шаҳрро фаро гирифт ва дар ин минтақа ҳолати фавқулода эълон шудааст. Гуфта мешавад, ки наздик ба 190 ҳазор гектар замини кишт зери об шуда, бештар аз 17 ҳазор иншоот хароб шудааст.
Мақомот гуфтаанд, ки борони шадид ҳоло ба роҳандозии ҳар гуна корҳои наҷот монеъ мешавад.
Идораи ҳавошиносии Чин ба расонаҳои хабарӣ иттило додааст, ки борандагӣ, тӯфони шадид ва дарозмуддат ба талошҳои гурӯҳҳои наҷот халал расондааст ва ин боиси зарари бештар ба одамон шудааст.
Мақомот ба хабаргузориҳо гуфтаанд, ки то кунун бештар аз 120 ҳазор нафар ба маконҳои амн интиқол дода шудаанд. Ҳамчунин гуфта шудааст, ки ҳудудан 17 ҳазор хона дар вилояти Шонси фурӯ рехтааст.
Як хабаргузорӣ дар Чин аз марги чор афсари полис бар асари рониши замин хабар додааст. Аммо бо вуҷуди талошҳо хабарнигорон ҳанӯз иттилои дақиқе дар мавриди мизони талафоти ҷонӣ дарёфт накардаанд.