9 октябри соли 2021 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Кумита генерал-полковник Рустам Назарзода ҷаласаи коллегия оид ба ҷамъбасти фаъолиятҳои нуҳмоҳаи КҲФ ббаргузор шуд.
Дар кори ин коллегия роҳбарони сарраёсатҳо ва раёсатҳо, шуъбаҳои Дастгоҳи марказӣ, Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе, Хадамоти зидди жола, Раёсати Раёсати хадамоти таъиноти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ – наҷотдиҳӣ, Раёсати масъалаҳои кӯли Сарез, Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методӣ, Озмоишгоҳи ҷумҳуриявии кимиёвӣ-радиометрӣ, сарварони қисмҳои ҳарбӣ ва Хадамоти ҷумҳуриявии ҳарбикунонидашудаи наҷоти кӯҳии КҲФ ширкат намуданд.
Дар рӯзнома баррасии омодагӣ ба давраи зимистонаи ҳамаи қисмҳои КҲФ ва қисмҳои ҳарбӣ, таҳлили корҳое, ки хадамоти ҷумҳуриявии наҷотдиҳии кӯҳии КҲФ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Норак ва Роғун роҳандозӣ кардааст, ҳамчунин татбиқи “Стратегияи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030" гузошта шуда буд.
Дар масъалаи якум ҳисоботи ҷонишини Раиси КҲФ полковник Имомалӣ Иброҳимзода шунида шуд. Аз рӯи масъалаи дуюм ҷониши аввали Раиси Кумита, полковник Ҳотамшо Латифзода суханронӣ кард. Ҳамчунин ҳисоботи роҳбарони хадамоти ҷумҳуриявии наҷоти кӯҳии шаҳрҳои Хуҷанд, Норак ва Роғун шунида шуданд.
Дар масъалаи сеюм дар мавриди татбиқи “Стратегияи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030" ҷонишини Раиси КҲФ полковник Сулаймон Исозода суханронӣ крад. Дар доираи татбиқи пурсамари Стратегияи миллӣ бо қарори Коллегия барномаи нави “Омӯзиши ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи гражданӣ дар ҳолатҳои фавқулода”, ки мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумита таҳия карда буданд, тасдиқ гардид.
Зимнги суханронии худ Раиси Кумита, генерал-полковник Рустам Назарзода зикр намуд, ки яке аз вазифаҳои асосии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар давраи тирамоҳу зимистон идомаи корҳои пешгирикунанда дар байни аҳолӣ барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, роҳандозии корҳои мавсимии пешгирӣ аз зарари офатҳои табиӣ, ҳамчунин ба анҷом расонидани омодагии воситаҳои техникӣ ба мавсими зимистон, захира намудани сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ ва доруворӣ барои соату лаҳзаву рӯзҳои эҳтимолии душвор мебошад.