“Мизи мудаввар”-и байниидоравӣ дар шаҳри Душанбе

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне мебошанд, ки аз аввалинҳо шуда бо зарардидагони офатҳои табиӣ рӯбарӯ мешаванд ва ба онҳо дасти  мададу ёрӣ дароз мекунанд.

Бо мақсади такмил додани малака ва дониш мутахассисони КҲФ дар якҷоягӣ бо намояндагони вазорату идораҳо ва созмонҳои байналмилалӣ дар мизи мудаввари ҳамкории байниидоравӣ ва таҳияи тартиботи ҷавобии стандартӣ ҳангоми чораҳои рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддае, ки одамони зиёде ба ҳалокат расидаву маҷрӯҳ шудаанд, ширкат варзиданд.

Ин вохӯрӣ идомаи корҳое буд, ки бо ташаббуси КҲФ ва Намояндагии Салиби Сурхи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳияи стандартҳои муттаҳидшудаи мутобиқ ба  меъёрҳои ҳуқуқӣ ва қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст. Ҳамчунин ба ҳисоб гирифтани таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ дар ин маврид низ мавриди суҳбат қарор гирифт.

Натиҷаи кори умумӣ бояд ҳам рӯйхати саволҳо, пешниҳодҳо ва ислоҳоте бошад, ки асоси вазифаҳо оид ба такмили стандартҳои кор бо ҷасадҳои мурдагон, инчунин рӯйхати номзадҳо барои иштирок дар гурӯҳи кории байниидоравӣ, ки вазифаи онҳо дар соли 2022 омода кардани ҳуҷҷати ниҳоӣ ва пешниҳоди он ба тасдиқи байниидоравӣ хоҳад буд.

барчасп: