Ширкати 140 нафар кормнадони Дастгоҳи марказии КҲФ дар сайругашти дастаҷамъӣ

Субҳи 23 январи соли 2021 бо мақсади татбиқи иҷрои дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушд ва таблиғи варзиш, тарзи ҳаёти солим кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бо­ғи ба номи Алишери Навоии пойтахт сайругашти дастаҷамъӣ бо хатсайри махсус – терренкуру, ки ба ибораи дигар онро «роҳи саломатӣ» меноманд, анҷом доданд. 

Заминларзаи бузурги Чин. Имрӯз ба ин рӯйдоди мудҳиш 465 сол пур шуд

465 сол пеш аз ин дар чунин рӯзе дар қаламрави имрӯзаи Чин заминларзаи шадид ҷони бештар аз 830 ҳазор нафарро гирифт. Сарчашмаҳои хаттии то замони мо расида онро яке аз бузургтарин ва пурқурбонитарнин заминларза дар таърихи башар номидаанд.

23 январи соли 1556 дар вилояти Шэнсии Чин мудҳиштарин заминларза ба вуқуъ пайваст, ки тахминан 830 00 нафар...

ЭҲТИЁТ: Аз беназоратӣ гайка дар ангушти тифли чорсола руст шуд. Кӯдаконро беназорат нагузоред!

Як занги телефонӣ ба Маркази идоракунии ҳолатҳои бӯҳронии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднӣ дар вилояти Суғд: дар ангушти тифли чорсола гайка рус шудаасту табибон ҳам илоҷи беосеб берун кардани онро намеёбанд. Ин занги телефонӣ субҳи имрӯз, соати 11:00 аз беморхонаи клиникии вилояти Суғд ба номи С.Қутфиддинов расид.

Covid-19: Шумори мубталоён дар олам аз 98 миллион гузашт, фавтидагон беш 2 миллиону 100 нафар

Субҳи имрӯз шумори гирифторон ба коронавирус дар олам ба 98 миллиону 102 ҳазору 397 нафар расид. Шабонарӯзи гузашта боз 229 710 нафар ба ин вирус олуда шуданд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз марги 2 миллиону 100 ҳазору 667 нафар ва шифо ёфтани 70 миллиону 503 ҳазору 807 нафар хабар дод. Ҳоло дар бемористонҳои олам 111 ҳазору 830 нафар дар ҳоли вазнин мебошанд.

Ҳалокати панҷ нафар дар суқути чархболи тиббӣ дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ. Нишасти изтирории як чархболи дигар дар Чукотка

Дар вилояти Квазулу-Натал, воқеъ дар қисмати ҷанубу шарқии Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ як чархбол сарнагун шудааст ва бар асари он ҳаддиақал панҷ нафар ҷони худро аз даст додаанд. Бино ба хабари ожонсии “Синхуа” ин ҳодиса дирӯз рух додааст.

Ин хабаргузорӣ истинодан ба мақомоти расмӣ хабар додааст, ки ин чархболро як халабон идора мекард ва чор корманди

Страницы