465 сол пеш аз ин дар чунин рӯзе дар қаламрави имрӯзаи Чин заминларзаи шадид ҷони бештар аз 830 ҳазор нафарро гирифт. Сарчашмаҳои хаттии то замони мо расида онро яке аз бузургтарин ва пурқурбонитарнин заминларза дар таърихи башар номидаанд.
23 январи соли 1556 дар вилояти Шэнсии Чин мудҳиштарин заминларза ба вуқуъ пайваст, ки тахминан 830 00 нафар ҷони худро аз даст доданд. Маркази ин заминларза то соҳили дарёи Вэй дар вилояти Шэнси, каме дуртар аз музофоти Хуасян, Вэйнан ва Хуаин буд. Дар Хуасян ҳамаи биноҳои истиқомативу марказҳои маъмурӣ хароб шуданд ва тақрибан ниме аз аҳолӣ ба ҳалокат расид. Баъзе аз деҳоти Шэнси комилан беодам монданд ва сокинонашон зери вайронаҳо ҷон бохтанд, дар минтақаҳои дигари наздик ба маркази зилзила то 60 дарсади аҳолӣ қурбон шуданд.
Як сабаби талафоти зиёди ҷонӣ дар он аст, ки қисмати бештари аҳолӣ дар ғорҳои зардхок зиндагӣ мекарданд ва ин ғорҳо дар такони замин комил фурӯ рафтанд ва бошандагони худро зери хок карданд.
Аз сӯи дигар, аз қадим аҳолӣ дар Чин ҳамеша зиёд буд. Чунончӣ, тибқи омори соли 1851 40% аҳолии кураи Замин маҳз дар Чин зиндагӣ мекард, бино ба оморгирии соли 2000 бошад 30% аҳолии Замин сокинони Чин буданд.
Сеюм, заминларза соати 5 субҳ рух дод, замоне буд, ки ҳама дар хоб буданд.
Номустаҳкамии биноҳои истиқоматӣ як сабаби дигари ин талафот буд. Як шоҳиди зиндаи он ҳодиса баъдтар барои ояндагон таассуроти худро дар ин шакл навишт: “Набояд дар оғози заминларза саросемавор аз хона берун шуд. Маъмулан вақте лонаи парандагон аз шохи дарахт ба зер меафтад, бисёр вақт тухми паранда зарар намебинад”. Аз ин бармеояд, ки бисёриҳо вақте ҳалок шуданд, ки ҳангоми такони замин аз хонаҳо берун мешуданд.
Муддати ним сол баъди ин ларзиши шадид замин дар ин минтақа ба такрор меларзид ва сокинони зиндамондаро ба ташвишу изтироб меовард.
Аз рӯи талафот ин сеюмин заминларзаи пурқурбонии олам аст, ки дар сарчашмаҳои хатии то замони мо расида зикр шудааст.