Хабарҳо аз COVID-19 дар олам. Шумори мубталоён аз 103,5 миллион ва ҷонбохтагон аз 2 миллиону 237 ҳазор гузашт

Бино ба иттилои Донишгоҳи Ҷонз Ҳокинзи ИМА шумори гирифторон ба вируси корона дар олам ба 103 миллиону 528 ҳазору 864 нафар расид. Ҳамоно ИМА (бо 26 183 915 гирифтор), Ҳинд (бо 10 746 183 сироятшуда ), Бразилия (бо 9 204 731 мубтало), Британияи Кабир (бо 3 828 183) ва Русия (бо 3 808 348 гирифтор) панҷ кишваре мебошанд, ки аз ҳама бештар сироятшуда доранд.

Мулоқоти ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо Раиси Шӯрои уламои Тоҷикитсон

30 январи соли 2021 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳайати шахсӣ бо Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муфтӣ Сайидмукаррам Абдукодирзода баргузор гардид.

Мулоқот ба масъалаҳои шарҳи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар

Як пажӯҳиш бонги изтироб задааст, ки вақт барои наҷоти кӯсамоҳиҳо ва суфрамоҳиҳо танг аст

Муҳаққиқон мегӯянд кӯсамоҳиҳо (наҳангон) ва суфрамоҳиҳои уқёнусҳо басуръати нигаронкунандае дар ҳоли нопадид шудан ҳастанд.  Бар асоси як таҳқиқоти тоза шумори кӯсамоҳиҳои уқёнус дар ним қарни гузашта 71 дарсад коҳиш ёфтааст ва сабаби ин сайди зиёду беҳаддумарз аст. Се чаҳорум гунаҳои моҳиҳои таҳқиқшуда акнун дар маърази хатари инқироз қарор доранд.

Тадбирҳои пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Хатлон

Омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодаи хусусияти табиӣ ва техногенӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Ҳолатҳои фавқулода ногаҳон сар мезананд ва сокинонро дар ғафлат мегузоранд. Вале омодагӣ ба ҳар офати эҳтимолӣ сатҳи хатарро кам мекунад. Ин омодагиҳо бояд ҳамешагӣ бошад, бояд селроҳаҳо аз хасу хошоку сангу хок пок карда шаванд, корҳои соҳилбандӣ ба ҳадди лозим амалӣ шаванд...

COVID-19: Ҷустуҷӯи изи коронавирус: Мутахассисони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба бемористоне дар Вуҳони Чин роҳ ёфтанд

Шумори гирифторон ба вируси корона дар олам ба 102 миллиону 649 ҳазору 949 нафар расид ва бар асари ин беморӣ 2 миллиону 216 ҳазору 723 нафар ҷон бохтанд. Дар шабонарӯзи гузашта боз 224 ҳазору 733 нафар мубталоёни нав сабт шуданд ва 6 576 тан ҷони худро аз даст доданд. Теъдоди муолиҷашудагон дар олам 74 миллиону 347 ҳазору 236 нафар эълон шуд ва гуфта мешавад, ки ҳамин лаҳзаҳо боз 109 ҳазору 431 нафар...

Страницы