Як пажӯҳиш бонги изтироб задааст, ки вақт барои наҷоти кӯсамоҳиҳо ва суфрамоҳиҳо танг аст

Муҳаққиқон мегӯянд кӯсамоҳиҳо (наҳангон) ва суфрамоҳиҳои уқёнусҳо басуръати нигаронкунандае дар ҳоли нопадид шудан ҳастанд.  Бар асоси як таҳқиқоти тоза шумори кӯсамоҳиҳои уқёнус дар ним қарни гузашта 71 дарсад коҳиш ёфтааст ва сабаби ин сайди зиёду беҳаддумарз аст. Се чаҳорум гунаҳои моҳиҳои таҳқиқшуда акнун дар маърази хатари инқироз қарор доранд. Муҳаққиқон мегӯянд наҷоти ин моҳиҳои фавқулода ва бебадал иқдомоти басо ҷиддӣ мехоҳад. Онҳо аз давлатҳо хостаанд бо такя ба ёфтаҳои илмӣ маҳдудиятҳое бар моҳигирӣ ҷорӣ созанд.

Доктор Ричард Шарли аз Донишгоҳи Ексетер (воқеъ дар ҷанубу ғарби Англия) дар суҳбат ба ВВС гуфтааст, ки “ба назар мерасад коҳиши ҷамъияти ин ҳайвонот умдатан ба далели зиёд шикор шудани онҳост. Ин омили коҳиши ҳафтоддарсадии ҷамъияти онҳо дар 50 соли гузашта аст. Ба таври мутавассит дар миёни ин ҳама гунаҳо аз ҳар 10 кӯсае, ки дар даҳаи 1970 дар уқёнусҳои озод вуҷуд дошт, ҳоло фақат се адади он боқӣ мондааст”.

 Кӯсаҳо ва суфрамоҳиҳо барои гӯшт, бола (андоми болмонанде аст дар моҳиён ва бархе ҷонварони дарёӣ, ки ҷиҳати шино ва ҳифзи таодул ба кор меравад) ва равғани ҷигар сайд мешаванд. Онҳоро ҳамчунин ба таври ғайримаъмулӣ шикор мекунанд ва гоҳ ба сурати тасодуфӣ тавассути қаиқҳои моҳигирӣ ба дом меафтанд.

Аз 31 навъе, ки мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст, 26 гуна акнун дар ҳоли хатари нобуд шудан ҳастанд. Ва ҷамъияти се гунае аз кӯсаҳо (намуди сафед, гӯшмоҳӣ, болғасар) ба андозае кам шудааст, ки акнун ба шиддат “дар ҳоли хатар” табақабандӣ мешаванд. 

Профессор Николас Дэлоу аз Донишгоҳи Саймон Фрейзер (вилояти канадиёии Колумбияи Британия), ки ин таҳқиқотро анҷом додааст, гуфта, ки кӯсаҳо ва суфрамоҳиҳои уқёнус дар ҳоли хатари шадиди инқироз қарор доранд, хеле болотар аз хатаре, ки парандагон, пистондорон ё қурбоқаҳо ба таври мутавассит бо он рӯ ба рӯ ҳастанд. Ӯ гуфт: “Сайди зиёди кӯсаҳо ва суфрамоҳиҳои уқёнус кулли экосистемаи дарёӣ ва амнияти ғизоии баъзе аз ҷомеаи фақирро ба хатар меандозад”.

Аз ҳудудан 1200 навъи моҳиҳо 31 адади онҳо уқёнусӣ ҳастанд ва дар фосилаҳои дур муҳоҷират мекунанд. Доктор Шарли гуфт: “Онҳо баъзе аз муҳимтарин ва бузургтарин шикорчиёни уқёнусҳо ҳастанд, ки мардум бо онҳо ошноӣ доранд. Он навъ кӯсаҳое, ки мардум онҳоро ҳайратангез ё қудратманд медонанд”.

Ба сурати умум донишмандон мегӯянд ҷомеаи ҷаҳонӣ барои шикори ин гуна моҳиҳо низ бояд ҷиддан иқдом кунад.

 

МАТОЛИБИ ҲАМСОН