Шумори гирифторон ба вируси корона дар олам ба 102 миллиону 649 ҳазору 949 нафар расид ва бар асари ин беморӣ 2 миллиону 216 ҳазору 723 нафар ҷон бохтанд. Дар шабонарӯзи гузашта боз 224 ҳазору 733 нафар мубталоёни нав сабт шуданд ва 6 576 тан ҷони худро аз даст доданд. Теъдоди муолиҷашудагон дар олам 74 миллиону 347 ҳазору 236 нафар эълон шуд ва гуфта мешавад, ки ҳамин лаҳзаҳо боз 109 ҳазору 431 нафар дар ҳоли вазнин мебошанд.
Воксани нави ширкати Novavax зидди коронавирус, ки дар Британияи Кабир озмоиш шуд, 89,3 дарсад муаасир будани худро нишон дод. Дар озмоишҳои клиникии марҳилаи сеюми он беш аз 15 ҳазор нафар ихтиёриёни синни 18 то 84 сола ширкат карданд. Аммо баъзе санҷишу озмоишҳои дигар нишон доданд, ки эмкунӣ бо Novavax барои ҳимоя аз штамми нави коронавирус, ки дар Африқои Ҷанубӣ кашф шудааст, камсамар аст. Тибқи санҷише, ки он ҷо ба он беморон гузаронида шуд, самароварӣ ва таъсир 60% буд.
Мутахассисони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба бемористоне дар Вуҳони Чин, ки аввалин гирифторони коронавирус муолиҷа шуда буданд, ворид шуданд. Онҳо тасмим доранд ҳамчунин аз як қатор озмоишҳое дидан кунанд, ки аввалин ташхисҳо гузаронида шуда буданд. Мехоҳанд аз бозори фурӯши гӯшти паранда, ки бисёр вақт онро чун сарчаш маи аввали хуруҷи вирус медонанд, низ дидан кунанд. Вашингтон гуфт, ки тафтишу санҷиш бояд асоснок бошад ва натиҷаҳои он рушану мутмаин.
-
Хуффош, панголин, бозори Вуҳон? Далеле нест. Изи коронавирус гум мешавад
-
ПАЖӮҲИШ. КОВИД-19: Ангушти ишораи инсон сӯи ҳайвон. Хуффош, забод, панголин ва ҳоло вашақ
Вазорати мудофиаи ИМА ба воксанкунии маҳбусони зиндони машҳури Гуантунамо оғоз мекунад, хабар дод Fox News.
Сарвазири Фаронса Жан Кастекс эълон кард, ки ин кишвар марзҳояшро ба рӯи кишварҳои ғайриаврупоӣ мебандад. Низоми нави маҳдудиятҳои зиддикоронаӣ аз 31 январ мавриди амал қарор мегирад.
Ба дунболи ширкати Pfizer ширкати Moderna низ дар фиристодани воксан тибқи муоҳади имзошуда ба Италия таъхир мекунад.
Сар аз 30 январи соли равон шаҳрвандони хориҷӣ бидуни зарурат наметавонанд вориди сарзамини Ҷумҳурии Чех шаванд ва сабаби ин авҷи сироят ба коронавирус дар ин кишвар аст.
Дар Туркия зарфи 24 соат 6912 ҳодисаи нави гирифторӣ ба КОВИД-19 ба қайд гирифта шудааст ва 131 нафар фавтидаанд.
Карантини умумие, ки дар Юнон ба муҳлати се моҳ эълон шуда буд, аз сабаби афзоиши шумори сироятшудагон ба коронавирус бо қарори ҳукумат боз як моҳи дигар тамдид шуд.
Мексика аз рӯи шумораи қурбониёни COVID-19 аз Ҳиндустон пеш гузашта ва дар ҷойи сеюм қарор гирифтааст, хабар медиҳад Reuters. Аз ҷумла, дар давоми рӯзи гузашта 1506 нафар беморони гирифтори сирояти коронавирус дар қаламрави Мексика фавтиданд. Аз оғози ҳамагирӣ дар ин кишвар 155 145 нафар аз КОВИД-19 ҷон бозхтанд. Аммо дар Ҳинд, ки аҳолии он назар ба аҳолии Мексика тақрибан даҳ маротиба бештар аст, аз коронавирус то кунун 153 847 фавтиданд.
Дар як шабонарӯзи гузашта дар Русия 19 238 мубталои нав ба коронавирус сатб шудааст.