30 январи соли 2021 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳайати шахсӣ бо Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муфтӣ Сайидмукаррам Абдукодирзода баргузор гардид.
Мулоқот ба масъалаҳои шарҳи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва муқобила то терроризим ва экстремизми динӣ, ҳамчунин ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ситезаҷӯ аз назари ислом бахшида шуда буд.
Муфтии Тоҷикистон зимни суханронии худ ӯ қайд кард, ки экстремизм ва терроризм, ки баъзе гурӯҳу созмонҳо аз номи ислом амалӣ мекунанд ва бо парчами ислом шиорпартоӣ мекунанд, дар асл харобкунандаву вайронсозандаи ақлу хирад ва ҷисми инсон аст ва ӯ аз ҳамагон даъват намуд, ки ҳамеша дар мубориза зидди он омода бошанд.
"Идеологҳои экстремизм ва терроризм ғояҳои таҳаммулнопазириро ба вуҷуд меоранд, ба хориҷ кардани намояндагони динҳои дигар аз сарзаминҳое, ки дар он ҷо мусалмонон зиндагӣ мекунанд, даъват мекунанд ва бо мақомот мубориза эълон мекунанд, ки ин метавонад ба мушкилот оварда расонад" гуфт ӯ.
Сарвари Идораи динии Тоҷикистон гуфт, ки мубориза бо ин зуҳуроти номатлубу нописанд ва харобкор бидуни роҳандозии корҳои таблиғотӣ миёни аҳолӣ ва таблиғи ҳамзистии осоиштаву ҳамсоядорӣ, таҳаммулгароии динӣ, муоколама бо ҷомеа номумкин аст.
«Маҳз барои ҳамин ҳар кадоми мо, новобаста ба он кӣ чӣ масъулияте дорем, бояд ҳиссаи шоистаи худро дар ин мубориза гузорем ва терроризм ва экстремизм бояд дар ҷомеаи мо ҷойи по надошта бошанд”,-зикр намуд Сайидмукаррам Абдуқодирзода.
Ҳамзамон муфтии Тоҷикистон дар бораи стратегияи Шӯрои уламои кишвар дар мавриди ин мубориза ва ҳифзи арзишҳои аслии ислом нақл намуд.
Дар поёни мулоқот табодули афкор сурат гирифт.